Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баҳори пор чӣ шуд, он қадар хумор чӣ шуд?
Барори кор чӣ шуд, шӯҳрату виқор чӣ шуд?
Сипоҳи лола куҷо рафту ку гули насрин?
Нигоҳи гармтари офтоби хор чӣ шуд?
Ба самти рост ва ё чап гурехт селаи кабк?
Хироми гарми парастую бозу сор чӣ шуд?
Чаро кунун дигар ин мулк сокитистон аст?
Ҳамон навои гугушонаи баҳор чӣ шуд?
Куҷо хурӯши хуши ҷӯи пеши хонаи ту?
Ҳадиси тарҷумаҳолии чашмасор чӣ шуд?
Чарост, ёри азизам, канори ту холӣ?
Зи баъди рафтани ман ҳоли ин канор чӣ шуд?
Ту хостӣ биравам ман зи хонаи дили ту,
Ки гирӣ ёри ҷавон, пас ҷавонёр чӣ шуд?
Ба ин вуҷуди хазонгаштаат дилам сӯзад,
Баҳорпеша будӣ, он ҳама қарор чӣ шуд?
Рамид ёри ҷавонат сӯи ҷавонтар ёр?
Валек, ҳоли ту, эй ёри хору зор, чӣ шуд?
Ту хостӣ, биравам ман, ки ёри нав гирӣ,
Гирифтӣ, лек таассуф, ки хатми кор чӣ шуд?
сентябри 2006

ЭЙ ОФТОБИ ШАРҚӢ

Эй наврасида аз дур, ёри маро надидӣ?
Дар он канори олам зори маро надидӣ?
Ёри муҳоҷири ман рафту дигар наомад,
Ёри мусофири ман рафту дигар наомад.
Эй офтоби Машриқ, аз Ғарб як гузар кун
Аз хонаи баландат ёри маро назар кун.

пешина
аз 82
навбатӣ