Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар истироҳати хуш кор аст баҳри инсон,
Пас, кори мушкили ман, афзою кортар шав.
То ки насозадам чашм чашми бади ҳасуде,
Эй хори посбонам, имрӯз хортар шав.
Бар душмани муҳаббат, бар он, ки нест ошиқ,
Эй дори пургуноҳон, имрӯз дортар шав.
То сӯзиву гудозӣ дар ишқ ошиқамро,
Эй оташи хиромон, имрӯз нортар шав.
Эй ёр, ёри доно, эй зори ишқи Раъно,
Алқисса, ёртар шав, бар ишқ зортар шав!
марти 2006

МУБОРИЗИ ОҶИЗ

Бо ту гуфтам сардиву ин ҳарфро гӯям ҳанӯз,
Гуфтамат, ки дардиву ин ҳарфро гӯям ҳанӯз.
Ин қадар, ки як мубориз пеши ту оҷиз шуда,
Гуфтамат, ки мардиву ин ҳарфро гӯям ҳанӯз.
Лолаи якрӯяму садбарги садтаркиб не,
Гуфтамат, ки вардиву ин ҳарфро гӯям ҳанӯз.
Дил надорам, ҷои он дар тангнои синаам,
Гуфтамат, ки гардиву ин ҳарфро гӯям ҳанӯз.
Дар миёни баччаҳои бодии қишлоқи мо,
Гуфтамат, ки фардиву ин ҳарфро гӯям ҳанӯз.
Ин кадар, ки як Мубориз пеши ту оҷиз шуда,
Гуфтамат, ки мардиву ин ҳарфро гӯям ҳанӯз!
апрели 2006

ВИҚОР ЧӢ ШУД?

пешина
аз 82
навбатӣ