Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй шаҳрванди шарқӣ, ҳамшаҳрем ману ту,
Ҳамшаҳр ҳаст бо мо ёри фитода он сӯ.
Баргӯй интизорам, баргӯй беқарорам,
Ояд ва ё равам ман аз ин ҷаҳони торам?
Ҳарчанд кишвари ман сарсабз ҷовидонист,
Бе ёр сабзаву гул бар ман ҳама хазонист.
Баргӯй бебаҳорам, баргӯй хору зорам,
Баргӯй ҷуз зимистон фасле дигар надорам.
Ё ёри нав гирифта ёрам ба мулки мардум?
Ки ин қадар наомад, ки ин қадар шуда гум.
Дар мулки зардмӯён чун аст он сияҳмӯй?
Эй офтоб, бину ою сипас ба ман гӯй.
Эй офтоби зебо, ҳамшаҳрии тавоно,
Бо худ бубар ба Мағриб ин шеъри дарди
Раъно.
марти 2006

МАСЛИҲАТ НЕСТ

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рушноӣ маслиҳат нест.
Мавлавӣ
Туро аз хеш рафтан маслиҳат нест,
Туро з-ин беш рафтан маслиҳат нест.
Ба пеши он ки дилсанг асту ҷоҳил,
Туро дилреш рафтан маслиҳат нест.
Сӯи оне, ки дирӯзаш табаҳ буд,
Туро дарвеш рафтан маслиҳат нест.
Аз ин роҳе, ки дорӣ, эй дугона.
На пас, на пеш рафтан маслиҳат нест.
Сӯи оне, ки бадкеш аст зинҳор,
Туро, ҳамкеш, рафтан маслиҳат нест.

пешина
аз 82
навбатӣ