Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа
АВВАЛИН ТАРОНА
Наср агар дурри парешон бошад, тарона шаддаи марҷонест, ки ҳам мавзун асту ҳам зебо. Рўҳияи шеър ва насри мавзун дар он ба ҳам омадаанд. Дар адабиёти муосири мо шумораи ками адибон тарона менависанд. Ин навъи зебову мўҷази насриро Латофати азизи мо дониста интихоб кард. Бо маҳорати хосса ва диди волои зебоиофринӣ ба тарона ҳазор тобишу ранг ва маъниву мазмунҳои бикр бахшид.
Вижагии таронаҳои муаллима бешубҳа мазмунҳои тоза аст. Дар ҳар яки он гавҳарпораеро нуҳуфта, пешкаш мекунад.
Ба қавли худи ў, таронаҳояш марвориди ишқу муҳаббатанд, ки аз тори эҳсос мегузаронад. Бале, аз тори эҳсос. Аз ибораҳои шавқангезу дилафрўзу дилнавози «гули қадамҳои ёрро дар нигаҳ ҷамъ кардан», «марҷони барги гулҳо шудани ашки субҳ», «дар оинаи об лағжидани сурати ду дилдода», «ба дили об кўчидани изтироби акси ду ошиқ», «ғунчаосо дар бисоти гули ишқ хуфтан ва аз насими ниёзи ёр шукуфтан», «аз олами ишқ гуле ёфтану ба баҳор расидан» (ба рағми масали «Бо як гул баҳор намешавад»), «афсонаи ширин гуфтани болини сабр», «аз офтоби ишқ об шудани яхи ғурур» беэътино гузашта намешавад. Диле аз санг бояд, то аз самимияти ин ҳарфҳо об нашавад.
Чунин шаҳдрезаҳо бо эъҷоз омехтаанд ва лаззати баланди маънавӣ доранд. Вақте эҷодкор, бавижа шоири навкору навроҳе мисли ман китобҳои таронаҳои муаллимаро мутолиа кунад, нохост ба зебоиву салосат ва барҷастагиву хотирмонии онҳо рашк мебарад (агар эҷодкори худодод аст, рашки сапед, вагарна аз рашки сиёҳ дарун-дарун месўзад!) ва дар дилаш оташи «яғмогарӣ» боло мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё