Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

АВВАЛИН МУШТАРАКОТ
Нахустин муштаракот дар рўзгори мо рўзҳои ба дунё омадани мост. Латофати азиз 8 июни соли 1950 дар Ғончӣ ба дунё омад ва ман 9 июни соли 1992 айнан дар ҳамин ноҳия. Аз соли 2011 ин тараф зодрўзамонро якҷоя ҷашн мегирем. Соле агар 8 июн қайд кунем, соли дигар 9 июн.
Фарзанди аввалини муаллима ҳам Манижа асту духтари ман – нахустфарзанди ман низ Манижа ном дорад. Ин тасодуфи аҷибест. Бобоям Шариф Салимпур аз роҳи дур телефонӣ гуфтанд, ки агар дар хонаводаат духтар чашм ба олам кушояд, Манижа ва агар писар шуд, Бежан ном гузор. Номҳое аз «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ. Бо инояти Эзиди якто духтарак омаду номаш шуд Манижа.
Муаллимаи азиз бо дарёдилӣ ба Манижачаи ман шеър армуғон кардаанд, ки ҷои сипосгузорист.
Муштаракоти дигар, ишқу муҳаббати бепоёни мо ба хома асту чакома. Худо доност, аз кӣ чӣ шеъре ё байте мемонад, аммо муҳим мо ошиқи шеърем ва раҳнаварди ҳамин ҷодаи ҳумоюн!
Муштаракоти дигар, гиряҳои мост.
Бале, ман ҳам ҳарчанд мардам, аммо бисёр гиристаам. Ва дареғо, ки гиряҳои муаллимаи нармдилам Латофатро низ борҳо дида, дил фишурдаам. Кошки дигар намедидам…
Аммо аз ин гиряҳо як чиз равашан мешавад: мо одамонеро, ки ҳамроҳашон садҳо бор хандидаем, соатҳо хандидаем, фаромўш мекунем, аммо азизеро, ки ҳамроҳаш як бор гиристаем, ҳаргиз аз ёд намебарорем.
Дуруд ба чашмони ашкбори Латофат бодо! Шарм ба зиндагӣ бодо, ки ашки чунин бузургворро беамон рехтаст!

пешина
аз 29
навбатӣ