Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа
АВВАЛИН БАХШАНДА
Шояд ёру дўстон ва пайвандони ман бо донистани ин ҳама некиҳои бедареғу бабадали Латофати азизам донистанӣ бошанд, ки ба ивази ин ҳама ман чӣ кор кардаам? Ростӣ, ҳеч кор! На танҳо коре кироӣ бар ивази хубиҳои ў накардаам, балки гоҳо нодрустиҳову хомиҳо аз ман гузашта, то дар дили шаффофу нозуки ў озоре шояд падидор шуда. Ман ҳеч гумон намебарам, ки аз ман ранҷида бошад, аммо озурда шуданаш таъйин аст. Гоҳо аз ҳарфи дурўғ ва фиреби ночизе, ки аз мо ҷавонҳо гузаштанаш мумкин аст, дар чеҳраи нозанини ў осори ранҷиш дидаам. Аммо ҳаргиз ошкор накарда ё ҳарфе бар ҳарфи каҷу берабту дурўғи мо нагуфта. Ҳамеша бахшида, бахшанда буда, бахшанда боқӣ монда.
Латофати арҷманд ин қадар марову дигар ёронашро, хешону пайвандон, шогирдону ҳамқаламашонро бахшидааст, ки ҷои гуфтан надорад. Дар бораи мисли ў одамони ботаҳаммул, босабр ва бахшанда аз афсонаву ривоятҳо шунидааму монандашро дар филмҳо дидаам. Таваккули ҳамаро ба Худо месупораду мегўяд:
«Худо ҳаст-ку…». Сад дареғ, ки чандин ноҷавонмардон ва бонувони каммоя аз бахшандагии ў истифода бурда, пайваста ўро озор додаанд, ҳатто теша ба решаи ў задаанд, ки ҷои дареғ аст. Аммо ў боз бахшидааст…
Бахшида ба чунин дилҳои бахшанда ва рўҳҳои бишикаст чӣ ҳам метавон гуфт ба ҷуз дуои устод Рўдакӣ: «Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё