Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

АВВАЛИН
АЁДАТКУНАНДА

Чанд моҳ пеш аз хонадоршавӣ, яъне тобистони соли 2016 ногаҳон ҷарроҳӣ шудам. Падар аз муҳоҷират ва модар аз роҳи дур омада натавонистанд. Вақти ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ бурдани ман ашки чашмони хоҳарам ҳаргиз аз ёд намеравад. Ростӣ, гумон кардам, ки ба роҳи охират равонам. Дар лифти беморхона бонуи тақрибан шастсола, ки масъули омода кардани ман ба ҷарроҳӣ буд, пурсид: «Сураи Ёсинро медонӣ?», гуфтам, не. Ў «ҳеч гап не», гуфту сураро хондан гирифт. Гуфтам, аниқ мурдам!
Вақте ба ҳуш омадам, болои сарам чеҳраи нуронии муаллимаи азизам Латофатро дидам. Боз ҳам ҳамон табассуми ба дил ошно аз ҳолам мепурсид. Эҳсос кардам, ки ҳанўз зиндаам. Ва аввалин фариштаи заминӣ, ки баъди умри дубора медидам, симои наҷиби муаллима буд.
Яъне ў нахустин аёдаткунанда ва хабаргирандаи ман буд. Чанд соате, ки дар хоб будам, аниқатараш аз таъсири маводи тиббӣ мадҳуш мехобидам, муаллима «дили табибонро ёфта», маро ба ҳуҷраи хуби якнафара гузарондааст. То аз беморхона баромадан, борҳо атолаву ширибиринҷ карда, ба аёдатам омад. Мисли кўдакон нозпарвард будам. Маблағи ҷарроҳиро кайҳо пурра ба хазина супурда буд, ки баъдтар фаҳмидам.
Пеш аз ин ҳам, ҳар гоҳ фаҳмад, ки шамол хўрдаам ё ягон ҷои ҷисмам дард дорад, аз ҳар куҷо, аз хона, аз табибони мардумӣ гиёҳу доруву дармон ёфта, ташвиқ мекард, ки аз гиёҳдармонӣ истифода барам.

пешина
аз 29
навбатӣ