Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа
Гоҳ марминҷон, гоҳ лимў, гоҳ ягон гиёҳи дигарро оварда медод, ки нўши ҷон кунам. Ба баъзе аз шаҳриён ва ҳатто деҳотиён аз чунин некиҳои муаллима нақл кунам, бовар намекунанд ва дар ҷавоб мегўянд: «Чунин амалҳои хайрро амаку аммаат намекунаду ту чиҳо мегўӣ?!». Аммо ҳақиқат чунин аст: Латофат ягона муттакои ман дар шаҳри Душанбест.
Оилаам ду бор ҷарроҳӣ шуд, кўдаконам борҳо бемор шуданд, дар ин ҳолатҳо низ аввалин хабаргирандаи хонаводаи мо Латофат буд.
Ростӣ, аслан фалокату дарду бало аз мо, аз халқи ҷаҳон дур бод, аммо агар мабодо дари маро кўбад, аввалин касе, ки ҳамчун фариштаи наҷот, ҳамчун сипар ба ёдам мерасад, Латофати азиз аст. Хотирам ҷамъ, ки дар шаҳр ў ҳаст. Илоҳо, ин шаҳри пурғавғо бе ў мабод!
АВВАЛИН МЕҲМОНӢ
Аввалин меҳмонии муаллимаи азизам ба хонаи банда таърихчаи ибратангез дорад. Аз соли 2016 дар шаҳр хонаи як рафиқи шафиқро ба иҷора гирифта, бо хонаводаи худ дар зиндагӣ истиқлол дарёфтам. Аз он замон то сентябри соли 2019 дар рўзи ба дунё омаданам, ҷашну идҳои гуногун ва бо сад баҳонаи дигар Латофати гиромиро борҳо ба хона меҳмон хондам. Дар посух табассум мекарду бо лутф мегуфт: «Аз пушти хонаи навхонадорон чил сол бояд нагузашт».
Ман намедонистам, ки чӣ тавр ўро ба хона оварам, аз моҳонаи журналистии худ як бурда нон шикаста пешаш гузорам, духтарони ширинам – наберагонашро нишон дода, дуояшро бигирам. Аммо ҳеч намепазируфту дуои сабз ба лаб меронд:
«Худо хоҳад, соҳиби хонаву кошонаи худат шавӣ, ба маросими бўрёкўбон хоҳам рафт». Аммо ҳеч не ман хона харам.
Бо гардиши айём дар рўзгори оилавии ман фоҷеа рух дод. Хоҳарам Гулафзоро дар яке аз кўчаҳои марказии шаҳри Душанбе ронандаи ҷавону ҷунунзадае бо мошин пахш кард. Он замон дар шаҳри Хуҷанд сафари корӣ доштам. Аз шунидани хабари шум осмон омада, ба замин часпид. То модару падарамро огоҳ кардаву онҳоро ба пойтахт расондам, дилам аз хона ҳазор бор берун шуду дарун зад. Шукри будани Иброҳими дўстам ва хушдомани меҳрубонм, ки то расидани мо табибу ҳабибу шафиқи хоҳарам шуданду дар пушти дари дармонгоҳ чун чанор рост истоданд.
Хулоса, вақте тансиҳатии хоҳарам ба эътидол омаду ба хона овардем, Латофати меҳрубон ногаҳон меҳмони хонадони мо шуд. Мо ҳама ҳайрон будем. То омада расидани муаллима ба ҳамдигар бо нигоҳи суолӣ назар афканда, посухи кироӣ намеёфтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё