Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

АВВАЛИН ХОСТГОР

Муаллимаи азизам дар ҳаёти ман ҳама кори бохайру савоб, ки модар ба фарзандаш мекунад, кард. Аз ҷумла, аввалин хостгори банда ба хонадони ҳамсари ояндаам муаллима буд.
Мо дар мавриди хостгорӣ бисёр андешидем. Бобову бибии падарӣ дар кишвари Ўзбекистон ба сар мебурданд. Бобои модарӣ аз беморӣ наметавонист, тавассути ағба ба Душанбе расад. Пири раҳнамо лозим буд, ки ҳамроҳи падару модари ман ба хостгорӣ равад. Ин масъулияти сангинро Латофати азизи ман чун ҳамеша ба зимма гирифт.
Ҳатто шоиру нависандаи машҳур Юсуфҷон Аҳмадзодаро ба хостгорӣ розӣ кард. Ин ду адиби номвару рўзгордида барои ман, барои бахту иқболи ман ба даргоҳи дигарон рафта, ниҳоят хати сарнавишти ҷуфти маро ба хати сарнавишти ман пайвастанд.
Ростӣ, мо ҳам дилпур будем, ки ба адибони бузург хонаводаи хушдоман «Не» гуфта наметавонад ва чунин ҳам шуд.
Сипосу дуруд ба инсонҳои нек, ба дарёдилоне, ки қадам ба қадам ҳама ҷоро беминнат сабзу хуррам мекунанду ба қафо наменигаранд!

пешина
аз 29
навбатӣ