Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
То забони оташи Зардушт озодисарост,
Нури озодии хуршедӣ равон дар ҷони мост.
Офтоб озод мерўяд, ки ворўям чу нур,
Ҳамқади озодӣ ояд ҳар киро қад то Худост.
Сояи тарси замон кай мерасад то пойи ман,
Мефитад бар пушт зулмат ҳар куҷо бар по зиёст.
Кибриё аз арш ҷўяд роҳ то курсии дил,
Дил, ки Кайҳону Замин як дид, ин ҷо кибриёст.
Чашми озоде кушову аз фалак худро бубин,
Зери пойи худ намонӣ осмонҳо зери пост.
Машикан дил, ки садояш ду ҷаҳон мешиканад,
Ба хато дар дили ту нози равон мешиканад.
Шаб мапиндор фалак пур бувад аз кавкаби нур,
Осмон дар ғами ту шишаи ҷон мешиканад.
Бўса зан бо лаби дил бар лаби маъшуқи наво,
Хуни гул дар раги гул бин, ки чӣ сон мешиканад.
Нағмаи сабза бубар то дили хуршеду навоз,
Мурғро соғари риндӣ ба фиғон мешиканад.
Ту, ки Фарҳоди навоӣ кўҳи шир аст ҳаёт,
Шири оҳанги ту Ширини замон мешиканад.
Баъд аз ин бўсаи субҳ аз даҳанам шир чакад
Чун табошир зи аҷзои танам шир чакад
Сатрҳо дар бадани дафтари ман набз шуданд,
Найшакарвор зи ҳар ҷо шиканам, шир чакад.
Тифли шавқат хати бедор ба маҳди лаб зад,
Хомаи модари чочи суханам шир чакад.
Шири лабҳои ту шуст умри гунаҳолудам
«Гар ба тобут равам», аз кафанам шир чакад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё