Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Душанбе чун ба нури ишқи мо оганда хоҳад шуд,
Бухоро дар Бухоро чун Бухоро зинда хоҳад шуд.
Кӣ мегўяд, ки мардони шарафмандаш фурў мурда,
Нидойи охирин аз аввалин зоянда хоҳад шуд.
Самарқанди самархезӣ ба шаб гирад саҳархезӣ,
Дили ў дар дили Яздо саҳарпоянда хоҳад шуд.
Ба симурғӣ фалакгирам, куҷоҳо мекашад пирам,
Чаро гўӣ дилам аз синаи ў канда хоҳад шуд.
Зи орӣ орзу рўяд, Замин ҳам ориён гўяд,
Ба пиндору ба кирдораш ҷаҳон як ханда хоҳад шуд.
Дар ин ханда Худо пайдо, Худойи хандаи дунё,
Зи динҳо то сиёсатҳо зи худ рўянда хоҳад шуд.
Мо рўйи ҷаҳон аз дари фарҳанг расидем,
Бо фотиҳаи модари фарҳанг расидем.
Аз нури нигоҳи падари мост Камонтир,
Борондили сабзандаи садранг расидем.
То аз фари мо ранг бигирад нигаҳи чарх,
Аз минбари хуршедии Аржанг расидем.
Мо синаи ин хок пур аз шир шиносем,
Фарҳодсифат ширкаши санг расидем.
Дар синаи шаб субҳ дамидему сари кўҳ,
Бо синаи сўфийи наю чанг расидем.
Симурғии мо доди гияҳ бурд ба Яздон,
Чун тифли наботии Заминнанг расидам.
Душман сари фарҳангу сари мо сари хун зад,
Рафтем фурўйи фару бе ҳанг расидем.
Фирдавс кунад то ҳунари мо ду ҷаҳонро
Рўшангари ҳар ҳилаву найранг расидем.
Оринасаби рўйи Замин сўйи ҳам оед,
То одамӣ орӣ шавад аз ҷанг расидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё