Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қаҳқаҳаи реша буд зарбати борон ба барг,
Акси садо медиҳад тундараш аз осмон.


То зи нури ишқ хилъат сохтам,
Ҷомаи хунини дин андохтам.


Синаи молиш надида
Ҷони осоиш надида.


Хони мо азбаски шуд лабрези файзи устухон,
Мижжаи тифлони мо боли ҳумо хоҳад шудан.


Монанди хаёли навҷавониро
Омехтаанд зиндагониро.


Дар ҷаҳон зистану банди ҷаҳон будан чист?
Тифли гаҳвора будан бе талаби модару шир.


Пайдост забони худфурўшӣ,
Воёб забони худкушоӣ.


Аз дори забон фарозтар доре нест,
Аз ёри забон банозтар ёре нест.


Нигоҳам ишқро андоза мекард,
Дил аз зиштӣ дарунро тоза мекард.


Ҷавшани борон ба бар духтари Наврўзро,
Теғ ба каф «оҳ» шуд барқи ҷаҳонсўзро...


Мекунад фарёд моро аз гулўи гул замин,
Хешро бўи гул ороему рўи гул замин.


Гар бихезӣ ту чунон хез, ки хезад Ватанат,
На чунон гарм гурезӣ, ки гурезад Ватанат.


Ин беди баланду шоху баргаш задагӣ,
Дарёи ҳаёту обаш оташ задагӣ.


Гул тафаккури офтобро ба шарҳи нур фаҳмид
Офтоб андешаи гулро ба тафсири шабнам.


Андешаи сабза шабнамро чун замин ларзонд,
Андешаи сабзаро гов хўрд.


Андешаи барфии осмон,
Шакари пиёлаи замин шуд
Тифлон андешаи сапеди ширинро чӣ қадр дўст доранд.


Офтоб андешаи ориёиро шабнам сохт
Ва сари гул рехт,
Андешаи сомиро бамба кард,
Ва сари одамият рехт.


пешина
аз 186
навбатӣ