Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Пушаймонӣ
Пироҳане нест, ки рўҳи урёни туро бипўшонад.
Калиди андешаи гул
Қуфли зангзадаи ғами дилатро кушод,
Атри орзуи ман меҳмони нохонда шуд...
Офтоб ба замин гуфт:
«Хулосаҳо гирданд!»
Бодирингро вараҷа гирифт,
Гандум лаб газид,
Харбуза, ки аз шўхии шарбат завқаш расида буд,
Паққос хандид...
Ҳама чиз замон-замон бўйи пўсидан медиҳад:
Бод низ,
Борон низ,
Сухан низ...
Ҳамин нур аст, ки бўйи пўсидан намедиҳад...
Меваи расидае гуфт:
– «Хулоса ширин аст!»
Ва аз шоха афтод Анчар барге ба рўяш афканд.
Хулосаҳои динҳо ба зиндагӣ хўрда
Пора-пора шуданд;
Бечораҳо,
Аз баландии андешаи нав афтодаанд...
Гуфтанд:
– Ҳақиқат як рў дорад!
Гуфтам:
– Дурўғ низ ҳақиқат аст,
Вале чанд рў дорад?...
Ту чун зулмат ватангоҳе надорӣ,
Маро бошад Ватан чун рўшноӣ.
Туро ҳам бо ту танҳо метавон дид,
Чуноне нурро бинанд бо нур...
Ҷавонии ту аз ҳусни ту маст аст,
Чӣ масте, ҷоми лабрезаш ба даст аст.
Домани кўҳи диёрам, ки ба рўям ҳама умр,
Санг мебораду дар сина ғами гул дорам.
Аз сари шохи баланди хомаҳои ошиқӣ,
Мекушояд бол мурғи номаҳои ошиқӣ.
Ҷўши як фаввора фарёдам аз ин ҷастан чӣ ёфт,
Бўсае чашми тамошо диду дар поям шикаст.
Суханвар чу дидам ба кори баланд,
Суханро кашидам ба дори баланд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё