Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ақл падар омад
Дил модар,
Пиндору гуфтору кирдор фарзандон.
Ақл агар бангӣ шуд,
Ё дил русабӣ
Фарзандон, лоҷарам ё зиндаятиманд,
Ё сарироҳӣ.
Бохтар падар омад,
Суғд модар,
Ва ориё ҳама ҷигарбандон.
Эҳсосро метавон фурўхт,
Ё ба гул тўҳфа дод
Ё дод ба бод,
Ё ба борон шуст,
Ё ба намоз иваз кард.
Пуле ки баҳои ақл бишносад, нест,
Гул мепажмурад ақл эҳдоаш кунӣ
Бод бардоштанаш натвонад,
Борон бар сари ў мегиряд.
Намозро аз ақл вараҷа мегирад,
Чунон ки Боязидро аз намоз.
Ойинаи дунё ба қоматам рост наёмад,
Як қад баланд будам аз ў.
Ойина сохтам,
Бурунамро намоиш дод.
То ба худ нигарам,
Бояд ҷаҳонро як қад афрозам…
То шаҳомати ҳусни ту шиносанд,
Хостам бар кафи барги гул.
Қасре биҳиштӣ бароят афрозам,
Нардбони хуршед паст омад,
Ва зинаҳои нураш зери по шикастанд,
Реги биёбон чашми маро нишона зад.
То ба сўйи дил накўчад рег
Чашмаи чашми қаламҳоро кушодам.
Тафаккури гул,
Ҳам бў дорад, ҳам маза,
Тафаккури ман,
Мисли ҳавост,
Вале барои ҷомиа
Зиндоне метавонад бисозад,
Ки калидаш ҷуз пои замона нест…
Ҷойгоҳатро чу дид аз ҳад фароз,
Кард Зардушт офтобат ҷонамоз.
Суханҳое, ки чашмаҳои хунро ба ҷўш оварда буданд,
Акнун чу заврақчаҳои коғазии кўдакон
Рўи дарёи хун мерафтанд…
Духтари ноболиғе менолид:
– Худоё! Гуфтам аз кўдакӣ гурезам, То ба ишқи баланди ту овезам.
Ба риши баландам дор задӣ.
Пеш аз ин дастам аз ту кўтаҳ буд Акнун поям низ кандаи замин Чи ниҳоле безамин сабз бимонад?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё