Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Дар дили ҷўй давонхат шудааст,
Дар дили баҳр шуда баҳри дамон,
Дар дили санг шуда санги гарон.
Дар дили лаъл чи нурест ба Вахш.
Дар тани Рустам як пайкари нанг,
Дар тани Рахш чи рахш.
Дар дили мо шуда як олами шарм,
Дар ҷигар оташи гарм.
Ҳусни гул дар рухи мо ў шудааст.
Дар сухан бў шудааст…
Бод шуд гар ба ҳубоб.
Дами таркиш
Дарси Эништейн дод,
Ҳаста то кашф кунад.
Нур дар хонаву аз сим ҳиҷоб,
Буғ шавад низ диҳад нури савоб.
Тозахўиш бубин.
Оби рўиш бубин…
Об шав, об,
Ташна дарёб.
Баски буд ошиқи андешаи Ноҳид
«Об шав, об» – бигуфто Буддо,
«Об шав» – гуфт Зиё.
– Ташнагӣ ҷонро агарчи тез гирад,
Ҷумла олам беҳаво бас зуд мирад?!
– То ҳаворо кам биолояд даҳонат,
Аз ҳаво кам гў суханҳои равонат.
Чун ҳавозояст оби олам ин ҷо,
Рў ба яктоӣ нафасрон ҷўю дарё.
2002
ТАРҶУМАҲО
Пабло Неруда
СОНЕТҲО
АЗ «САД ТАРОНАИ ИШҚ»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё