Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Он куфрбоз акнун тирурбоз омад.
З-ин чоҳу доми фитрат мову шумо чӣ бурдем?
Хоҳӣ бифаҳмӣ тирур пеш аз Курўш бархон,
З-он кўҳнадинхиёнат мову шумо чӣ бурдем?
Эй бас ки кушта пинҳон то зинда монда ҷосус,
З-ин касби пурҳамоқат мову шумо чӣ бурдем?
Бозори шаҳвати худ бикшод дар ҳама шаҳр,
Аз даллабози шаҳват мову шумо чӣ бурдем?
Ў рўҳи худ ду лаҳза покизарав натонист,
Чандин ҳазора орӣ бо рўҳи поки худ зист,
Мурдоршўӣ омад пиндори нек бурдан
Мурдори хуни олам шустан, ба рег бурдан.
Бурдем сўйи олам пиндори Зардуҳиштӣ,
Гуфтори Зардуҳиштӣ кирдори Зардуҳиштӣ,
То оқибат баромад аз минбари ҷаҳонӣ,
Овози ҷони тоҷик бо ҷўши ориёнӣ,
Бори дигар садо зад фарзанди Хоки Зардушт,
Бошад ҷаҳон биёбад пиндори поки Зардушт.
Покист ҷони дунё дар поки ў дарун бин.
Ҳар бор об нўшӣ бо ҷони ў бурун бин.
Нур аст минбари ман, созандагӣ дари ман,
Чун тоҷи офаранда бар фарқи ман фари ман...
«Об шав, об» – бигуфто Буддо:
Об дар кўза фитад кўза шавад.
Чун ба соғар бифитад ў соғар,
Дар ниҳол аст ниҳол.
Дар дили сабза чунон сабз шавад,
К-аз тамошош
Нигаҳ аз нури ҷавон сабз шавад
Об дар гул чи қадар ранги ба ранг,
Об дар хор шуда ҳамчу хаданг,
Дар дили мева чи шарбат шудааст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё