Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Гар ҷаҳли туро мағзи сарат ампариё сохт,
Озод нагардӣ зи ғуломӣ ба ду олам,
Империяи ҷаҳл ба мағзат, ки шикастӣ,
Империяи лола кашад қад чу қади Ҷам.
Империяи барф кунад хидмати лола,
Мағзаш, ки набастаст раҳи рўиши пайҳам,
Озода бирустаст ба ҳар боғ фитодаст,
Бо доғи ғарибӣ натафидаст ба мотам...
То чароғон нашавад лола ба ҳар боғи ҷаҳон, Халқи олам бикашад дар дили худ доғи ҷаҳон.
1996
ТАҶОВУЗИ НУР
ТАҶОВУЗИ НОБОЛИҒ
Гўётар аз нигаҳ буд лабҳои гиряпўшаш,
Пистони дил ба лаб дошт чашмони синадўшаш,
З-он чи шунида лабҳош гўши забон кашида,
Ҳарфи Худо наёрад гуфтан забони гўшаш.
Гўши замин дарун зад, гўши фалак бурун зад,
То гўши чашмашон дид ларзи лабони дўшаш,
Пўшад ба домани барг осема ғунчаро нахл,
Бишнида гўши реша войи ҷудойи ҳушаш.
Дўшизаҳои сабза печида гирди лола,
То доғашон бигўяд имрўзҳо зи дўшаш.
Баҳри Ватан фурўшад номус духтар он ҷо,
Номуси ў дарида ин ҷо ватанфурўшаш.
ТАҶОВУЗИ ҚОНУН
Ба олам ҷор зад қонун, ки «зўрам,
Ба номусу шараф пушти ҳузурам!
Касониву расониву пасонӣ,
Масониву хасониву фасонӣ.
Ҳама дар чашми ман якранг бошад,
Ҷаҳони чаправам дар чанг бошад!
Таҷовуздида бинӣ ҷумла сарҳад,
Чу сархат монда дар ман лек сармад!
Таҷовузро, ки хун хандад ба тирам,
Зи тахти бахтгираш рахтгирам!».
Вале қонун таҷовуздидае буд,
Гули лола зи хунаш чидае буд.
Таҷовуз дид чун дар мактаби хеш,
Ба дунё зад дил аз ҷўши таби хеш.
Кунун қонун на ҷангалзоди данг аст,
Ки мактабдидаи шўхи Фаранг аст.
Таҷовуз мекунад сарҳад ба сарҳад,
Зи хуни сарҳадаш ҷомест дар ҳад.
Ҷаҳонро мебарад сўйи тараққӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё