Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Зи хунаш мерасад бўйи тараққӣ.
Чу қонун аст акнун даҳрдида,
Ба печопеч дида чархи чида.
Зи коҳил, в-аз гадоӣ рўйтоб аст,
Ба сўйи қаҳбагӣ абрўйтоб аст.
Ба даҳлези сиёсатҳо сурунтоб,
Ба кўйи танги заҳматкаш дарунтоб.
Ба дасти зўргўён нарму гарм аст,
Сари бечораҳоро барфи Ғарм аст.
Ба базми зўр дорад рақси урён,
Чи урёнгар бувад дар назми Деҳқон!
Чунин рўву чунин хўву чунин ранг,
Бихон рўйи варо аз ҳафт фарсанг!
Чу инсон нест комил, чун бувад, чун,
Ки комил зояд аз ў ҷони қонун.
Худоё, бошад инсон комил ояд,
Ки қонун аз бадан бар дил гарояд?...
...Вале дил ҳам ҳавоҳоро камин аст,
Талоши зиндагӣ рўйи замин аст...
Жаконвар буд қонун ҳам таҳи дил,
Чу оби шавқи ҳарсўзан каҳи дил.
Ҳаме гуфт: – «Ай ту савдоии гардун,
На ту будӣ таҷовуздори қонун?!
Салобардори аввал ҳам ту будӣ!
Таҷовузкори аввал ҳам ту будӣ!
Таҷовузҳои дигар аз паси туст...
Таҷовузкори олам ҳам каси туст...»
Жаконашро жакон зад ногаҳон дил,
Ту гўйӣ буд тилсимхони ҷон дил.
Ки: – «Эй мўри пайи пойи ҳама кас,
Чу кирмӣ, бал, ҷигархойи ҳама кас!
Ҳанўз одам ба ҷангал буд чун буз,
Намекардам гар он ҷоят таҷовуз,
Ҳанўзаш рамхўр аз қонуни ҷангал,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё