Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бадахшони лаъле, ки дар сина зод,
Чу лаъли Бадахшон ба ғорат ниҳод
Зи Рашти ҳавасҳо ба дашти ҳавас.
Чу себи замин киштгашти ҳавас,
Чу Хубон қапидаш ба бозӣ ҳаёт,
Чу Хубон газидаш ба рози наҷот.
Ба бозуи дониш чу камсоя монд,
Зи Хатлони бозу чи каммоя монд.
Зи Вахшони Вахшури ҳикмат чӣ баст,
Чу ҳикматфурўше, ки бодаш ба даст.
Ҳисори муҳаббат ба ҳайрат муқим,
Дили Ҳасрати ў Паривор ним.
Зарафшони андешаи бодгар,
Суханро даруну бурун дод фар,
Нигоҳаш, ки буд аз паи ҳарфи нав,
Парида паси ағбаи барфи нав.
Раҳаш ағбаи барфи мансаб гирифт.
Маҳи ў маҳал дар таби шаб гирифт.
Хуҷанди сиёсат шиёри шиор.
Сиёсат шикори шиори шиёр,
Зи шаҳри бародар равон бигзарӣ,
Зи шаҳри сиёсат гумонбигзарӣ.
Гузаштан ба покӣ аз оташ хуш аст,
Алоби сиёсат на он оташ аст.
Сиёвуш дар он ҷо гузашт аз алоб
Дар ин оташ, аммо вуҷуде кабоб...
Дуои Худову Ватан пок зод,
Қадам бо Худову Ватан пок бод.
Вуҷуде бубинӣ, ки дорад ҳама,
Саре ноҳувайдо нахорад ҳама.
Сари тухм пушти маҳал коштан,
Паси хеш пеши Ватан доштан.
Чӣ хунрез омад маҳалхезияш.
Ки хун шир шуд дар куҳанрезияш.
Битарсад зи тифлӣ раҳонад дилаш,
Кай инсони комил дамад аз гилаш,

пешина
аз 186
навбатӣ