Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чашми бози Ватани гаҳвора.
Лолае дар кафани гаҳвора...


Гар Худовандам диҳад дарёи нур,
Нури нав рўёнам аз дунёи нур.
Ин ҷаҳон бўсад ҷабини нури ҳақ.
Гар лаби ишқ оварад то пои нур.
Батни сар, донӣ, сатарван аз чӣ монд,
Роҳгум шўи тафаккурзои нур.
Аз садои нур ғофил то ба кай.
Осмонҳо пур шуд аз ғавғои нур.
Эй ки чашмат хирабини чеҳраҳост,
Чашм пўшу бин ба чашми вои нур.
То ба ҷони ҳусн пинҳон нури ҳақ,
Лолаи ҷонат лабамро нои нур.
Ҳар кӣ роҳе зад суи нури Худо.
Ман ба дунёи вай аз савдои нур.
Раҳравӣ дар дашти зулмат мушкил аст,
Бас гаронтар лек дар саҳрои нур.
Мезанад саҳро ба саҳро савти сурх
Лолаи вай аз парешонрои нур.
Хокбарсар лола буд умре дароз
То сабоҳе бўсад аз лабҳои нур...


Бигўӣ, мегўям аз ин дар сухан.
Ватанро макун хун, ки пўшам даҳан.
Манам, ки туам, бо манат лаб газӣ,
Ватандушманамро чӣ гапҳо пазӣ?!
Ту рўи ҳадисам ба мардум мадор,
Ба гандумнамоён ҷаве ёд ор,
Ки чашми дигарҳо на дар зери пост,
Зи тифлии хўят маломат ҷудост.
Чӣ кардӣ ту бо лолаи Ҷоми Ҷам,
Абистои лола чӣ бастӣ рақам?!..

пешина
аз 186
навбатӣ