Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Валекин ку Бухорое,
Манори ўву гунбазҳои сабзаш дар дили гардун,
Ки чун бинад варо ёбад замин умри дигарбора
Чуноне Мушфиқӣ дарёфт умри нав
Зи дидори манору гунбази сабзи Бухорояш...

Дигар теғи хаёле бар сари ман ман соя андозад, Чуноне бар сари ҳар шоире дар ҷумла давронҳо, Ки болои сари ҳар фарди дунё низ теғе мекунад ҷавлон Ва ҳар фарде мисоли Мушфиқии бехабар аз қисмати охир Даводав дорад андар зиндагонӣ то сари гўраш...

Чи бошад, як саҳар аз ҷой бархезам,
Биёбам ногаҳон ин теғи ҳавлангез
Чу шаҳсатре ба пойи Қаҳкашони нури нури нур,
Ба дасти силагори ҷумлаи одам бадал гашта,
Сари сахти заминро ҳам навозиш мекунад бо меҳр.
Ва чашмони Замин рў ҷониби тифлон
Чу чашмони зани аз чордарди худ раҳо хўрда
Шуда равшан...

Худоё, бо адолат рў ба рў будан,
Ҳанўз ин қадр душвор аст,
Ба марги хеш гўё рў ба рў меояд ин мардум.
1984-1989

пешина
аз 186
навбатӣ