Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
ЛОЛАСТОН
(Ё таърихи мухтасари халқи тоҷик аз асотир то имрўз) Не сели баҳорам буд, не соли баҳорам буд, Не моли баҳорам буд, не боли баҳорам буд, Барфина хаёлам буд, барфина ҷалолам буд, Барфина савобам буд, барфина ваболам буд.
Бо номи Ватан лола, бикшода даҳан лола.
Фарёди бақо мезад рў ҷониби ман лола, К-эй лолабаҳори ман, ҳамнола баҳори ман, Имрўза баҳори ман, бесола баҳори ман Бозой, ки поям ман, бо рўи ту зоям ман, Не аз даҳану чашмат, не аз ҷигар оям ман...
Чун бар шудам аз ҷоям, дар хобаму танҳоям, Мешуд ба ҳаво номам аз лолаи овоям, Хок Айранавайҷобў, бод Айранавайҷобў, Об Айрнавайҷобў, нур Айрнавайҷобў...
Хўи хокаш бирабуд,
Сўи покаш бирабуд,
Тухмаи лола пайи саҷдаи хуфтан бифитод,
Масхарабозӣ зимистонхўраи масти баҳор,
Офтобаш ба сари дасти баҳор,
Кафи хоке ба сари тухма фиканд,
Тухма нуре зи дили санг биканд.
Боду обаш бизад аз ишқу супурд
Ба дили кўраи оҳангари тобистонаш.
Коваи тобистон,
Путки нураш, ки башорат ба пазидан медод,
Домани чарми даҳанпўш ба дўш
Лахта – лахта ба сари шох фитод,
Даҳани неъмати пойиз дариду бигузошт,
Ҷоми Ҷам лолаи биноӣ кошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё