Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Басе ҳикматфурўшон ҳам яке ҳушёр мегарданд Ва ҳикматро азизи хона медоранд.
Ва ўро аз сари ҳар минбар арзон ҳеҷ кас савдо нахоҳад кард...
Чи дунёе,
Ба монанди муҳаббат маърифат хор аст, Ба монанди ҳақиқат маърифат хор аст!

Чу хатти истиво теғи замони мо
Бупиндорам, ба вустои замин хоб аст.
Чу хатти арзи зинда аз ду сўи ў
Кашида ҷўю дарёҳои заҳроб аст.
Чи ҷўеву чи дарёе, ки пойи рўдапоро ёд медорад
Ва рўзу шаб
Ҳақиқатро кашонад сўи ин шамшер,
Муҳаббатро кашонад сўи ин шамшер,
Либосу ғозаи ҳар духтари дунё,
Саводи тозаи ҳар фарди дунёро,
Наволатҳои нағзи тифли оламро зи хони ў,
Ғизои тифлакони батни модарро,
Ва тифлони фаросўи сари моро,
Ки дар батни ҳавасҳои ҷавонон гарм меҷунбанд,
Кашонад сўи ин шамшер...

Ҳароси ман аз он рўзест к-ин шамшер хезад рост Чу раҳбанди раҳи мошин
Ба ногаҳ рўи роҳи зиндагии мо.
Ва ё ин теғи заҳробӣ, ки болои замини зор Дароз афтодаву худро гаронтар мекунад ҳар дам, Биёбад бори марги ҷовидонӣ ҳам Заминро ногаҳон монанди тарбуз ду қалам созад?
Ҷаҳони ҷовидонӣ Мушфиқии потиҳӣ гардад, Замини зиндагибардўши сабзи ишқгонӣ Мушфиқии потиҳӣ гардад Ва зери теғи давронбози дунёсўз Ба лабҳо марсиятҳои сари дунё Давад дар кўи нури Каҳкашон бо сўз...

пешина
аз 186
навбатӣ