Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Дар ишқи ту хешро ҳазин кардам, ҳайф,
Афтода ба роҳи ону ин кардам, ҳайф.
Дар кашфи замин чу дидамат рўшану рост,
Бар умри намозбози дин кардам, ҳайф.
Иқрори дурўғи хештан кас накунад,
Афсўс хўрад ба ҷонашу бас накунад.
Ин турфа, ки рўшанӣ биҷўяд зи ҳама,
Аз зулмати худ, валек по пас накунад.
Шарқ асту сараш ба печи дастор шудан,
Чашмаш ҳама банди чашми эзор шудан.
Ғарбасту ба рўи моҳ хон густурдан,
Шарқ асту ба печи хони худ хор шудан.
Тарсе, ки даруни дили мо хона гирифт,
Андешаи мо ба ҳабси афсона гирифт.
Куштем чунон ҷонвараконро аз тарс,
Ҳамҷинси ману ту рўй бегона гирифт.
Зад сел нигорхонаҳои дида,
Пўсид дил аз жакони лабхоида.
Дунё ҳама кар зи бонги бангист, вале,
Як наъраи ақли нар нашуд бишнида.
Шиблист куҷо, ба Каъба оташ бизанад,
Бар дўзаху ҷаннат Боязидаш бизанад,
Одам нигарад ба рўи одам чу Худо,
Чун рўи Худош бўсаи хуш бизанад.
Гар ҷумлаи рўй як шавад, рўи Худост,
В-ар ҷумлаи хўй як шавад, хўи Худост.
Иблис дар ин миён куҷо хоҳад шуд,
В-ин дўзаху ҷаннаташ равон тўи Худост?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё