Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз илм асо накард барнойи дилам,
Сад лағз хўрад ба ҳар қадам пойи дилам.
Ҷўлида чу тифли навқадам роҳ барад,
Рў ҷониби гўр пирӣ аз лойи дилам.

То чашми ситорабини ман боз шуда,
Чашмони замон ба сўи ман роз шуда.
Ман дасти замон ситорачин хоҳаму ў,
Баҳри сари ман ба санг анбоз шуда.

Як даст ба ростиву як даст ба нур,
Аз сина фурў рехта покӣ чун ҳур.
Зартушт ба шустани ҷаҳон боз расид,
Аз кинаву аз дурўғу зиштӣ чу сурур.

Он кас ки майи нур чу Зартушт кашад,
Хуршеди ҷаҳон ба сўяш ангушт кашад.
Бар шери фалак чу Боязид биншинад,
Монанди фалак Замин ба арғушт кашад.

Гўям, ки ба ребос кашад гавҳари ман,
Аз тухмаи бегунаҳ ба олам дари ман.
Худро чу гиёҳ бегунаҳ гираму лек,
Ребос шавад нуқли майи соғари ман.

Ребосии мо ба рамзи рўидани мост,
Рўидани мо зи ақл то нури Худост.
Ҳар кас ки дар ин миёна мегардад хушк,
Аз нутфаи Одам асту аз нофи Ҳавост.

Маздоии дил ба нур хў кардани ўст,
Буддоӣ ба санги хеш по хўрдани ўст.
Исоии ў ҳайрати дар гил заданаш,
Ислом зи ҷаҳли хеш бў бурдани ўст.

пешина
аз 186
навбатӣ