Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
То ҷоми нахуст дода раҳмони маро,
Устоди нахуст хонда шайтони маро,
Аз сад дари дўст май бигирад шабу субҳ,
Шайтонкада бинӣ хуфта сомони маро.
Шодӣ, ки дар ў қудрати сад бода бувад,
Сарбаста чу хумб дар дил истода бувад.
Чашмам ба касе фитад диҳад соғари ғам,
Соқии ҷаҳон ту гўӣ ғамбода бувад.
Гар соғари ғам кашӣ сабоҳе, шоме,
Бардоштаӣ ба худшикастан гоме.
Аз бодаи бомдоди шодӣ даркаш,
Хуршедсифат дамӣ зи зулматкомӣ.
Онон ки хўранд ҷоми андешаи хом,
Ё бодаи кина даркашанд аз лаби ҷом.
Дар базми муҳаббатанд ғелон таҳи по,
Чун шишаи холие ба базми айём.
Ҷоми дили халқ он ки нагирад кафи даст,
Аз бодаи мансабаш биёб уштури маст.
Халқе ки майи меҳр таҳи пой бирехт,
Дар базми ҷаҳон хумби сари худ бишикаст.
Он дўст, ки мо ба пойи ў сар мондем,
Сар бурд чунон зи мо ки бесар мондем.
Ў кард ба халқи худ сари худ минбар,
Мо бар сари халқи хеш минбар мондем.
Бе қадр зи май чунон ки хуни дили мост,
Дил низ нашуд он чи даруни дили мост.
Гуфтем, ки ду ҷаҳон нагуни дили мост,
Дидем, ки ду ҷаҳон буруни дили мост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё