Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Афшонд Худо партави андешаи пок,
Ойинаи Зардушт пароканд ба хок.
Чун уштури дашт рўйи ин ойина хуфт,
Канд аз Раю Руму Миср нури идрок.
Хушбини ҷаҳон чу чашми Зардушт куҷост,
Як дини ҷаҳон чу дини Зардушт нахост.
Дине, ки ба тор нуру нур аст ба пуд,
Имони чи кас ба зулмати кина бикост?
Тиреза кушо чу хандаҳои даҳанат,
Дарвоза кушо чу синаҳои суханат.
Эй по даҳани хандаи попўш мабанд,
Урён бадар о, ки сулҳ шуд дар Ватанат.
Ин тўда, ки маърифатгурезанд ҳама,
Бо маърифати равон ситезанд ҳама.
Бар Соҳира ақлу ҷон бирезанд ҳама,
Бо ҷаҳли араб зи ҷо бихезанд ҳама.
Бархост хирад, ки бо улум кор барам,
Дил хест, ки ман ба уштулум кор барам.
Чизе ки хирад сохт дилам зад барҳам,
Ҳайратзада ҷон: – Магар ба хум кор барам?
Эй хонаи ту нуру дилат хонаи нур,
Парвози сафед бодат аз шонаи нур.
Марям пайи нур шавҳари нур гирифт,
Аз даст мадеҳ ту низ афсонаи нур.
Як нима китоби олам аз фаҳши бадан,
Ними дигаре фаҳши сиёсоту сухан.
Бар фоҳишаи бадан заҳарханди даҳан,
Бар фоҳишаи сухан мукофоти Ватан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё