Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Солҳои 1980-1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ (дар Афғонистон), хидмати ҳарбиро ба ҷой оварда, баъдан фаъолияташро дар Институти номбурда идома бахшидааст. Ҳамзамон, сармуҳаррири студияи телевизиони Душанбе «Сомониён», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбар Трибуна», муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ёвари ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон будааст. Муддате ёварии раиси ШСШК «Нафтрасон» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро ба ӯҳда дошта, пайваста фаъолияти эҷодиро ҳам пеш бурдааст.
Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, нахустин шер, хабару мақолаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ («Зарафшон») ва ҷумҳуриявӣ («Машъал»-у «Пионери Тоҷикистон») ба табъ расидаанд. Муаллифи беш аз 300 очерку мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ, рисолаҳои «Носири Хусрав – шоири мутафаккир» (1978), «Родмарди хуҷистакор» (2001), «Ёқути сурх» (2005), «Марди роҳ»
(2006), «Рӯдакиро суханаш тилви нубост…» (2009) мебошад. Мураттиб ва муфассили куллиёту мунтахаботи осори устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фаттоҳии Нишопурӣ, Кироми Бухоройӣ, Имлойи Бухоройӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Лоиқ Шералӣ, Беранги Кӯҳдоманӣ ва дигарҳост.
Намунаҳоеро аз осори В. Ванчура, С.Есенин, Р.
Ҳамзатов, Е.Э.Бертелс, Қ, Кулиев, Р. Брёнс, Н. Доризо, С.
Островой, Р. Фарҳодӣ, В. Воскобойников, Р. Киффер, А.
Салим, Ӯ, Ҷамол ва ғ. ба тоҷикӣ гардонидааст. Иддае аз навиштаҳояш дар матбуоти Эрону Афғонистону Ӯзбекистон мунташир ва ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.
Бо чандин ордену медали ватаниву хориҷӣ ва Ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.
А.Р. Сомонӣ Узви Созмони ховаршиносони собиқ шӯравӣ ва Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони «Пайванд» буд. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 1993 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2014 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

пешина
аз 34
навбатӣ