Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абдурауф Муродӣ. Соли 1961 дар деҳаи Хӯҷапанҷ, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкардаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи С.Айнӣ мебошад. Чанд муддат муаллим ва сарвари мактаби миёнаи №5-и шаҳри Роғун буд. Баъд муҳаррири рӯзномаи «Нурафшон»-и ҳамин шамӯзгори мактаби парваришгоҳи шаҳри Панҷакент, мушовири шӯъбаи маориф, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаҳои «Дайри муғон»
ва «Сомониён» кор кардааст. Солҳои 1996-2001 раиси бахши Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ дар шаҳри Панҷакент буд. Аз соли 2001 дар вазифаи ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» фаъолият дошт.
Ҳанӯз ҳангоми мактабхониаш машқи шеър мекард, хабарҳо менавишт. Хуллас, шеъру ҳикояҳояш дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасиданд. Бештар ба ҳаҷв майл дошт. Китобҳои ҳаҷвиёташ бо номҳои «Аз нешханд то нӯшханд» (1999), «Мӯйлаб» (1999), «Анори дона-дона» (2005), «Шукуфти ғунчаи лабҳо» (2006), «Хандадара» (2009) нашр шудаанд.
Қиссаи ҳаҷвии ӯ «Ману занам» хонандагони зиёд пайдо карда буд. Шеъру ҳикояҳои дигараш дар китобҳои «Дили гарм» (1997), «Лутфи Худованд» (2000), «Чошнӣ» (2009) ва «Паҳнои меҳр» (2010) гирд оварда шуданд. Аз рӯзгори диловарзанони диёр қиссаи воқеии «Ҷасорат», сафарномае бо номи «Биё то қадри якдигар бидонем»-ро навиштааст.
Китобҳои А. Муродӣ мақбули хонандагон аст. Китобҳои дигари адиби сермаҳсул ва рӯзноманигор «Дилнавоз», «Посдори ҳақиқат» ва «Анҷумани дӯстон» ном дорад.
Абдурауф Муродӣ дорои чунин нишонҳост: «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ» (2004). Ӯ аз соли 1996 Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2002 Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

пешина
аз 34
навбатӣ