Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мавзӯъҳои гуногуни илмию адабӣ беш аз 250 мақола навиштааст.
Адабиётшинос ва мунаққиди адабии тоҷик, доктори илми филология (1981) Афсаҳзод Аълохон муаллифи асарҳои «Ҳофизнома» (1971), «Камоли Хуҷандӣ» (1976), «Абдураҳмони Ҷомӣ» (1978) ва «Академик Абдулғанӣ Мирзоев» (1954) мебошад. Ӯ солҳои зиёд ба таҳқиқу нашри осори илмӣ ва адабии Абдураҳмони Ҷомӣ машғул гардида, роҷеъ ба ин мавзӯъ мақолаву рисолаҳои «Достони Лайлӣ ва Маҷнун»-и А.Ҷомӣ (1970), «Рӯзгор ва осори А. Ҷомӣ»
(1980), «Таҳаввули афкори А. Ҷомӣ» (1981) ва «Лирикаи А.
Ҷомӣ» (Москва бо забони русӣ 1985)-ро интишор карда буд.
Ӯ яке аз муаллифони китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 8 мебошад.
Аълохон Афсаҳзод дар танқиди адабӣ ва таҳқиқи адабиёти Советии тоҷик низ саҳми арзанда дорад. Мақолаҳои ӯ ба таҳқиқи масъалаҳои гуногуни эҷодиёти С.Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Ғанӣ Абдулло, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф.
Ансорӣ, А. Сидқӣ ва дигарон бахшида шудаанд. Ӯ яке аз мураттибони таскираи шоирони муосири Эрон «Амвоҷи Корун» мебошад. Вай дар тарҷума ҳам ҳиссагузор аст. Бисёр асарҳои намояндагони адабиёти хориҷиро бо забони тоҷикӣ гардонида буд. Хизматҳои ӯ бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶТ қадр шудааст.
Соли 1999 аз олам чашм пӯшидааст. Мазораш дар қабристони умумии деҳаи Рукнобод мебошад.

Асрори Раҳмонфари Сомонӣ 1 ноябри соли 1952 дар
деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент
таваллуд шудааст. Соли 1969 мактаби миёнаи №6 ба номи
Абдусалом Деҳотии шаҳраки Колхозчиён, соли 1974 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба
номи В.И.Ленинро ба поён расонида дар шӯъбаи матншиносии Институти шарқшиносӣ (баъдан – Институти
шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ)-и Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор пардохтааст.

пешина
аз 34
навбатӣ