Олимон

Зиёда аз 150 мақолаҳои илмию оммавӣ ва рисолаҳои таҳқиқотӣ, аз ҷумла «Композитсия ва сюжети асари бадеӣ»
(1975), «Анъана ва навоварӣ» (1976), маҷмӯаи «Талабаи ҳаёт ва қисмати адабиёт» (1977), монографияҳои «Қисмати инсон ва қисмати шеър» (1980), «Шеъри эҳсос ва тафаккур»
(1985) ва ғайра ба табъ расидаанд. Юсуф Акбаров яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (шаш ҷилд) ва дуҷилдаи он (бо забони русӣ) ва мураттиби маҷмӯаи ашъори Мунзим (Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонов), «Куллиёт»-и Абдусалом Деҳотӣ», навиштаҳои гуногунмавзӯъ оид ба эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил ва дигар шоиру нависандагон мебошанд.
Юсуф Акбаров солҳои 1963-1964 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР хизмат кардааст. Солҳои 1966-1968 стажёр-муҳаққиқи Институти адабиёти ҷаҳонии А.М.Горкии АФ СССР, солҳои 1976-1979 хизмат ба сифати тарҷумон дар заводи нуриҳои азотии шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон буд. Ӯ боз ба ҷои пештарааш – Институти забон ва адабиёти АУ Тоҷикистон омад ва дар он ҷо ба корҳои эҷодию илмӣ машғул шуд. Ӯ ба адабиёти советии вақт ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба китобу эҷодиёти У.Уитмен, П.
Неру, Ю. Тувим, В. Маяковский, А. Твордовский, В. Луговской, Э. Межелайтес, Я. Евтушенко, Ю. Марсинский ва дигарон низ рӯй овардааст.
Хизматҳои сермаҳсули ин мунакқид ва адабиётшинос бо Грамотаю Ифтихорномаҳо қадр шудааст.
Аълохон Афсаҳзод соли 1935 дар оилаи деҳқон, деҳаи
Ворӯи шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Хатмкардаи мактаби миёнаи №1-и шаҳри Панҷакент мебошад. Соли 1961 факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Чанд муддат тарҷумони адабии президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Солҳои 1962-1970 чун ходими илмии шӯъбаи шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 1971 вазифаи мудири бахши матншиносии (бо хати арабӣ) ва нашри осори адабии Институти Шарқшиносии АФ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё