Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Анварбеки Абӯнаср 15 январи соли 1947 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтаасст.
Соли 1969 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд (ҳозира Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров)-ро хатм карда то имрӯз машғули пешаи омӯзгорист.
Дар баробари ин, чандин сол боз роҳбари маҳфили адабии «Бунафша», буда, ҳамзамон, дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (Панҷакент) ба донишҷӯён сабақ медиҳад.
Ҳамчунин сармуҳаррири нашрияи «Махзани илм» ва роҳбари маҳфили адабӣ мебошад.
Ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва алоҳидае бо номҳои «Расид айёми тобистон» («1991), «Марди накӯном»
(1994), «Умеди сабз» (1994), «Дунёи меҳр» (1995), «Модарнома» (2001), «Гулдастаи умед» (2002), «Таронаҳои зиндагӣ» (2003), «Пайғоми дил» (2005), «Рӯдакӣ ва Лоиқ»
(2008), «Мавҷи нур» (2008) ба табъ расидаанд.
Мураттиб ва муҳаррири маҷмӯаҳои дастҷамъии эҷодкорони ноҳия – «Бунафшаи Зарафшон» (1991) ва «Понздаҳ барг» (2000) мебошад.
Аълочии маорифи Тоҷикистон (2004).
Дорандаи ордени «Шараф» (2007).
Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Юсуф Акбаров соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Мунаққид. адабиётшинос. Соли 1956 мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳаи Ғӯсар ва соли 1961 факултаи таъриху филологии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) ба номи С.М. Кировро хатм кардааст. Августи соли 1961 ба Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон ба кор омадааст. Аз соли 1986 ходими калони илмии ҳамин махзани дониш. Мақолаҳои танқидию таҳлилиаш аз соли 1959 ҳангоми донишҷӯ буданаш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ чоп мешуд. Ю. Акбаров асосан ба таҳқиқи шеъри муосири тоҷик машғул мешуд.

пешина
аз 34
навбатӣ