Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакентро соли 1947 хатм карда буд. Соли 1951 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе, факултаи забон ва адабиёти тоҷикиро хатм намуда, чанд муддат дар ҳамон ҷо омӯзгорӣ ҳам кардааст. Солҳои 1953-1956 сармуҳаррири шӯъбаи адабию драммавии Управленияи радиошунавоии Вазорати маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Баъд ба нашриёт мегузарад ва дар вазифаи мудири шӯъбаи адабиёти бадеии Нашриёти давлатӣ (1956-1959) кор мекунад. Солҳои 1959-1960 ӯ ба ҳайси сармуҳаррири шӯъбаи адабию драммавии студияи телевизион фаъолият намудааст. Аз соли 1960 вазифаи муҳаррири калони сарредаксияи Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба нашриёт, полиграфия ва савдои китобро ба ҷо меорад. Аз соли 1954 аъзои ИН СССР мебошад. Ҳанӯз дар вақти таҳсил дар омӯзишгоҳ ӯ шеърнависиро машқ мекард. Китобҳои ӯ соли 1954 бо номи «Гулдастаи дӯстӣ», «Гулшан», «Офтоб дар роҳ» (1956), «Дур аз шаҳр» (1957), «Шарофат» (1963), «Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй» (1976) паси ҳам ба табъу нашр расидаанд. Песаву драммаҳои ӯ: «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ» (1958), «Иҷорашин» (1961), «Ҳукми модар» (1962) – театрҳои ба номи А. Лоҳутӣ (Душанбе) ва театри ба номи Камол (Хуҷанд) ба саҳна гузошта буданд. Песаҳои «Висол» (1972), «Як либос атлас» (1972), «Мактубро ман навиштам» ва «Духтари акстриса» (1973), «Зинапоя» (1974), «Тӯй барпо нашуд» (1978), «Мебахшед, модар» (1960), «Қиссаи нотамом» (1963), «Оинаи махмалин» (1965) ва «Шаҳр дар оғӯши ту» (1966) низ ба қалами Файзулло Ансорӣ тааллуқ дорад.
Бисёр шеъру таронаҳои ин шоири шинохтаро ҳофизону композиторон ба оҳанг дароварда, ба самъи мардум расонидаанд ва дар фонди тиллоии радиову телевизион маҳфуз аст. Файзулло Ансорӣ барои хизмати шоёнаш бо медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Белоруссия сарфароз гардонида шудааст. Файзулло Ансорӣ баҳори соли 1980 вафот кард. Мазораш дар оромгоҳи деҳаи Некнот аст.

пешина
аз 34
навбатӣ