Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агарчанде ки бишкастӣ замирам,
Вале дил аз ту асло барнагирам.
Ба сони сабзаи болои боме
Барои қатри борон ман бимирам.

Замину осмонро мепарастам,
Баҳору бӯстонро мепарастам.
Ба серӣ карда шукрона ҳамеша,
Чунин давру замонро мепарастам.

Баҳори кӯҳсоронро сароям,
Ҳавои обшоронро сароям.
Даруни синаам оҳанги шодӣ
Суруди ишқбозонро сароям.

Шино карда ба дарёи хаёлот,
Расонам хешро бар соҳили он.
Мабод он рӯз дарё хушк гардад,
Ки монам дар миёни роҳ сарсон.

Ба пешат омадам бо беқарорӣ,
Бигуфтам арзу рози бешуморе.
Магар он чӯби барқи рӯи роҳӣ,
Ки оташ дориву гармӣ надорӣ.

Баҳори бехазонро мепарастам,
Нигоҳи духтаронро мепарастам.
Мани дилдодаи сулҳу амонӣ
Амонии ҷаҳонро мепарастам.

Чароғи роҳи халқи сулҳҷӯем,
Суруди сулҳи дунёро бигӯем.
Чу гулҳои баҳори пурлатофат
Ба гулзори вафодорӣ бирӯем.

пешина
аз 118
навбатӣ