Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гузорам ҷониби кӯи ту бошад,
Нигоҳам умрҳо сӯи ту бошад.
Калиди бахту иқболи баландам
Миёни ҳалқаи мӯи ту бошад.

Нигорино, туӣ фаввораи об,
Манам як моҳии побанди мурдоб.
Ҳазорон санг дорад роҳи васлат
Мисоли нақб андар кӯҳи Анзоб.

Маро бо ҳукми айём офариданд,
Маро зеби дару бом офариданд.
Кунам то ворисӣ мулки суханро,
Маро аз хоки Хайём офариданд.

Нигоҳи дилнишинатро бинозам,
Гули ханди маҳинатро бинозам.
Дами мурдан, нигори порсоям,
Ҳавои остинатро бинозам.

Баҳорон шуд, баҳорон шуд, баҳорон,
Муттар шуд гули армони ёрон.
Шаби боронию бо як навозиш
Гирифтам ман туро дар тӯри борон.

На ҳар роҳе барад бар сӯи манзил,
На ҳар мавҷе фитад бар китфи соҳил.
Дили дардошно кам дидаам, кам,
На ҳар фарде расад бар қадри оқил.

Ҳама фарзанди дунёи ҷавонем,
Қавиазму далеру қаҳрамонем.
Бурун бинмуда сар аз як гиребон,
Ба сӯи марраҳои нав равонем.

пешина
аз 118
навбатӣ