Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Замин-ин ошёни халқи олам,
Замин-ин такягоҳи бахти одам.
Замин-ин қиссагӯи умри аҷдод,
Замин-ин пешвои шодию ғам.
Баҳори умрат, инсон, гулфишон бод,
Ҳавои меҳрат, инсон, зарфишон бод.
Дилат бодо пур аз ганҷи муҳаббат,
Сурудат доимо сулҳи ҷаҳон бод!
Ҷавонему муроди дил бихоҳем,
Мудом андешаи комил бихоҳем.
Илоҳо дар нагирад оташи ҷанг,
Замини умрро ҳосил бихоҳем.
Ба роҳат интизорӣ дорам имрӯз,
Ба ёдат беқарорӣ дорам имрӯз.
Мисоли кӯҳ дар роҳи муҳаббат
Басо ман бурдборӣ дорам имрӯз.
Ба ҳар нозу итобат ёр будам,
Ба ёдат то саҳар бедор будам.
Ба васфат шеъри нав эҷод карда,
Ба ишқи хеш ман подор будам.
Худоё, миллати моро нигаҳ дор,
Худоё, ваҳдати моро нигаҳ дор.
Мисоли Оли Сомон давлатам бод,
Худоё, давлати моро нигаҳ дор.
Баҳореро хазон ҳаргиз нахоҳам,
Самумеро вазон ҳаргиз нахоҳам.
Бихоҳам родмардиҳои деҳқон,
Хабисеро тавон ҳаргиз нахоҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё