Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Замини умрро сарсабз кардан—
Умеду орзуи ҳар яки мост.
Барои ҷунбиши гаҳвораи тифл
Ҳамеша саъй кардан маслаки мост.
Дило, шаҳбайти шеъри шоирон бош,
Дило, рамзи нигоҳи духтарон бош.
Ба коми хеш то гардӣ муяссар,
Дило, нерӯи дасти деҳқон бош!
Ватан дар розҳои дилбарон аст,
Ватан дар зӯрёби аскарон аст.
Ватан дар савту сози шодии мо,
Ватан дар аллаҳои модарон аст.
Нигоҳам бо нигоҳат тоб хӯрда,
Нигаҳҳо тоб чун гирдоб хӯрда.
Магар дарёи Панҷӣ, эй гули ман,
Ду чашмам аз ҷамолат об хӯрда?!
Ба роҳи шеър бошад мушкилиҳо,
Натарсида бимонам дар раҳаш по.
Чунон ки роҳи пур аз печи кӯҳӣ
Ба боло мебарад ҳар марди раҳро.
Фазои софу бегарду ғуборем,
Мисоли тозагулҳои баҳорем.
Кашида сар ба гардунҳо чу кавкаб,
Ҷаҳони ошиқиро шуълаборем.
Ҷилои ахтаронро дӯст дорам,
Вафои духтаронро дӯст дорам.
Пайи ҳифзи амонии заминам
Силоҳи аскаронро дӯст дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё