Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Парастам нони гандумро, ки аз он
Замини умри кас бошад гулафшон.
Чу Мирзо резаи нонро гирифта,
Ба поси ҳурматаш молам ба чашмон.
Баҳори рӯзгори одамон — сулҳ,
Сафобахшандаи ҳар хонадон—сулҳ.
Парастад сулҳро ҳар сулҳҷӯе,
Замину осмонро посбон—сулҳ.
Ҷаҳони бекарон дорад дили ман,
Табу тоби ниҳон дорад дили ман.
Барои дафъи душман дар ниҳодаш
Басо тиру камон дорад дили ман.
Ду чашмам ҷониби рӯи ту бошад,
Дилам побанди гесӯи ту бошад.
Чу ору гар ҳазорон гул бибӯям,
Димоғам нарм аз бӯи ту бошад.
Надорам ҷуз вафою меҳр гуфтор,
Бихоҳам шеър гуфтан мисли Бозор.
Набошам аз пайи ғун кардани чиз,
Бибӯсам ҳамчу Лоиқ кокули ёр.
Зи ҳар гул накҳати чандон наёбӣ,
Зи ҳар ҷӯ хезаю туғён наёбӣ.
Биёбӣ дил ба дунё бешумар, лек
Зи ҳар дил оташи сӯзон наёбӣ.
Баҳори рафтаро меҷӯям имрӯз,
Гули пажмурдаро мебӯям имрӯз.
Ба уммеде, ки боз ояд баҳорам,
Гузаргоҳи варо мепӯям имрӯз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё