Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Бароям меҳри тобонӣ, гули ман,
Сафои рӯзгоронӣ, гули ман.
Баҳори орзуям карда хандон,
Ту оғози баҳоронӣ, гули ман.
Ба домони фарохи дилкаши хеш
Ватан баҳру ман онро рӯд ҳастам.
Набошад бе Ватан манро даме умр,
Ватан тору ман онро пуд ҳастам.
Ба гетӣ хушдилу ғамхор бошам,
Ба шодию ғами кас ёр бошам.
Наорам бори дӯшам гар ба манзил,
Ба дӯши зодгоҳам бор бошам.
Ҷавонему ба дунё шодмонем,
Давоми корвони рафтагонем.
Ба поси зиндагии бофароғат
Замину осмонро посбонем.
Миёни кӯҳ деҳам ҷо гирифтаст,
Ба қалбам умрҳо маъво гирифтаст.
Ватан азбаски з-ин ҷо ёбад оғоз,
Маро илҳоми нав боло гирифтаст.
Шуои чашмҳои рафтагонем,
Садои қалбҳои хуфтагонем.
Сафои рӯзгори бехазонем,
Давои дардҳои мардумонем.
Ватан пушту паноҳи одамон аст,
Ватан ганҷинаи ишқи ҷаҳон аст.
Ватан бо мову мо нозем бо ӯ,
Ватан хушнудии умри ҷавон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё