Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Садқаи мӯи сафеди ту шавам,
Ки бувад ҳамранги барфи кӯҳсор.
Барфи кӯҳ аз об гар орад дарак,
Мӯи ту рамзе зи шеъри обдор.
Ҳамчу Помирӣ дигар овозадор
Маънии ҳар нуктаат бошад баланд.
Шеъри ту вирди забони халқ шуд,
Дар дили халқ аст шеърат бегазанд.
Мунъакис
Ошиқтарин касам,
К-аз сӯзи ман ба соҳати гардун шарорае
Афтод дар азал.
Хуршед ҳар саҳар
Оинаест, сӯзи маро мунъакис кунад.
Кушода бод!
(Эҳдо ба Саид Одинаев)
Бар аспи шаст шиштаву шастат зиёда бод,
Бадхоҳи ту малулу ғамину пиёда бод.
Андар қатори дасти кушоду дили кушод
К-он хоси туст, уқдаи бахтат кушода бод!
23.11.1999.
Фидоӣ
(Ба шоир Рустами Хомарахш)
Хомаат чун Рахш метозад,
Рустамӣ ту, бо ту менозад.
Он қадар тунд аст, метарсам
Сар ба шамшери ту мебозад.
Марг
Ӯро ба алфавит чӣ кор.
Бонуи балҷувонӣ
Биё, биё, биё ту,
Бонуи балҷувонӣ.
Дардам бикун даво ту,
Бонуи балҷувонӣ.
Аз ханҷари фироқат
Хунрез шуд дили ман.
Бе офтоби рӯят
Тор аст манзили ман.
Дуди ҷафоят олуд
Субҳи сафои умрам.
Киряи интизорӣ
Хӯрд матои умрам.
Бурд маро ба сӯят
Оҳанрабои ишқат.
Ҳаст равон ҳамеша
Дил по ба пои ишқат.
Чун ной банд-бандам
Дорад фиғону нола.
Бишкуфт дар дили ман
Доғи ту мисли лола.
Биё, биё, биё ту,
Бонуи балҷувонӣ.
Дардам бикун даво ту,
Бонуи балҷувонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё