Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хатна
(Дар хатнатӯи Сӯҳроб, писари дӯстам Зубайдулло)

Боз дар тӯи азизон,
Дар ҳавои ғижжаку танбӯри ёрон
Рақсу бозие намоем,
Дафтари дилро кушоем.
Тӯй имрӯз,
Тӯи хатна,
Тӯи аҷдодии мост,
Ҳар чӣ мегӯӣ, равост.
Хатнае, ки ҳаст як рукни мусулмонӣ,
Ҳаст дар он
Завқу ханда,
Шодию сур,
Файз дар ҳар хонадон.
Дар нигоҳам гӯӣ имшаб
Саҳни ҳавлӣ гул намудаст.
Ҳар гиёҳу ҳар дарахт
Аз саховат,
Пеши меҳмон,
Хони анвояш кушудаст.
Дар чунин шаб
Аз сари кат
Ҳамчу аз болои минбар
Шеър хонам то саҳар.

Даъват

Теги абрӯт гарчи хунрез аст,
Бӯи гесӯт мушкомез аст.
Бо ҳазорон ҳақорату дашном
Дар мазоқам лабат шакаррез аст.

Дар замоне ки давр зулмот аст,
Шамъи рӯи туро кунам хоҳиш.

Бар ҳарифе ки мезанад сангам,
Ту макун меҳрубониву созиш.

Нармрафторҳо ба дом афтанд,
Оҳуи масти ман, ғазанфар бош.
Гар замона ба мо намесозад,
Дар гулӯи замона ханҷар бош.

Бебаҳоӣ
(Ба сардори корхонаи оҳану бетонии ноҳияи
Ҳамадонӣ Ҳамроҳхон Саидов)

Чун мард пурсахоӣ, Ҳамроҳхон Саидӣ,
Чун шед пурзиёӣ, Ҳамроҳхон Саидӣ.
Чун чашмаҳои кӯҳӣ мазрай қалби моро
Шодоб менамоӣ, Ҳамроҳхон Саидӣ.
Ҳар фардро, ки дидам, додат баҳои бисёр,
Аммо ту бебаҳоӣ, Ҳамроҳхон Саидӣ.
Дар роҳи комҷӯӣ мардона пой монем,
Ҳамроҳ чун ба моӣ, Ҳамроҳхон Саидӣ.
Файзу сурур резад дар дарсхонаи мо,
Ҳар гаҳ ки ту биёӣ, Ҳамроҳхон Саидӣ.
Танҳо на мактаб акнун дар хеш ҷот додаст,
Дар дил ва дида ҷоӣ, Ҳамроҳхон Саидӣ.

Сабақи сарбоз

Дил қавӣ,
Абрӯ кушода
Меравад роҳ
Марди ҷанговар ба як по.
Дар дифои марзи тоҷик,
Нанги дунё
Боядам омӯхт аз ӯ дарс,
Боядам истод бо як по.

пешина
аз 118
навбатӣ