Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бастакор

Бар коғази рухат
Бо хомаи нигоҳ навиштам ҳуруфи ишқ.
Таблак бизад дилам,
Ин бастакор матни маро дар наво кашид.

Умеди субҳ

Офтоб андар ғуруб аст Ҳамчу пири дар лаби гӯр.
Сояҳо ҳамчун асокаш, Шаб ба мисли одами кӯр.
Ман умеди субҳ дорам.
14.08.1995.

Фарёд

Дар ҳабси дунё метапад ин ҷони зори мустаманд,
Фарёди дарё мешавад аз тангии соҳил баланд.

Нақш

Зиндагӣ саҳнае бувад гардон,
Ҳар яке нақш офарад дар он.
Нақши шоир зи бас бибозидам,
Гаштам аз шоирони саргардон.
Девбоди хазони навмедӣ
Панҷаи ғуссааш пайи ҳам зад.
Аз гаронии бори ин дунё
Ҳамчунон дос қисматам хам зад.

Фалаксайр
(Ба ҳофизи мумтоз Одинаи Ҳошим)

Фалакро аз фалак боло ту кардӣ,
Ҷаҳонро бар фалак шайдо ту кардӣ.
Сухан гум гашта буд дар хоки ҳастӣ,
Зи нав гумгаштаро пайдо ту кардӣ.

Шеъри бегазанд
(Ба устод Мирсаид Миршакар)

«Панҷи ноором»-ро ором нест,
Зиндагӣ ҳам ёфт туғёни дигар.
Боз, хушбахтона, он қалби бузург
Бешсӯзиш гашту нооромтар.

Даштҳои Вахш обӣ шуд ҳама,
Мардумонаш кордону қаҳрамон.
Карда иҷро нақшаҳои хешро,
Шуд Ливое аз Зафар дар дасташон.

Ин дили дар синаам бедорро
Бурд «Ишқи духтари кӯҳсор»-и ту.
Боз меорад ба ёдам рафтаро—
Ёд аз донишварӣ, аз ҷустуҷӯ.

Шеъри ту дорад магар шаҳду шакар,
Ки бихонам беш гардам ташнатар.
Аҳсани он кас ки номат додааст
Бо чунин гуфтори ширин Миршакар.

Гуфта будӣ: «Мо зи Помир омадем»,
Бори аввал ҷониби Маскав равон…
Шеъри пурэҳсоси ту акнун нигар
Рафт бар ҳар гӯшаю кунҷи ҷаҳон.

пешина
аз 118
навбатӣ