Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Боз шуд чун калобаи хуршед,
Риштаи нур бар замин печид.


Дар зимистони ҳаҷр сардам зад,
Боз кун оғӯши баҳоратро.


Пой бар пой з-он намепечад,
Ки ба навбат риоя месозанд.


Бе тамаъ кай салом бидҳандат,
Саг пайи луқма меликонад дум.


Гарчи ҷайбам тиҳист аз сомон,
Ғам надорам, ки ҳаст сомонам.


Шамъ дар пои хеш мечаспад,
Одамӣ дар ҳавоси дунёӣ.


Дар алав чӯби хушку тар сӯзад,
Хушки он лек тезтар сӯзад.


Сози шеърам баланд месозам,
Менабанданд соз бар шеърам.


Кӯр ёбад раҳи худаш, аммо
Кӯрбахт аз куҷо биёбад роҳ.


Гарчи бар осмон барояд дуд,
Ҳамчунон рӯсиёҳ хоҳад буд.


Ҷорӯб, ки хокрӯба рӯбад,
Ҷояш бикунанд дар паси дар.


Дорӣ чу китобу менахонӣ,
Ҷевони китобӣ, эй бародар.


Чун бед агар самар надорӣ,
Рав пояи нахли борвар шав.


Оташ, ки зи дур поки пок аст,
Андар бағалаш ғами ҳалок аст.


Аз шоми сиёҳ тарси ман нест,
Тарсам бувад аз сиёҳрӯӣ.


Дар сояи ғуссаву ғами ту
Гаштам чу гиёҳ заъфаронӣ.


Нилуфари орзуи васлаш,
Гул кард ба ҳавзи дидаи ман.


Суханро ман шакар гуфтам,
Магас аъзои маҳфил шуд.


Бубинӣ душманӣ ҳам гоҳ аз дӯст,
Ба тан душман бувад рӯбоҳро пӯст.


Агар рӯят набошад оташи тез,
Чаро зулфи сиёҳат тоб хӯрдаст?


Зи савдо ҳар касе суде биҷӯяд,
Мани савдоиро савдо зиён аст.


На ҳар хандидане меоварад суд,
Бисӯзад хушку тарро хандаи барқ.


Ду чашмонат магар дарёст, дарё,
Ки ҳар сӯ мебарад киштии дилро.


Шеъре, ки бошад дар сафҳаи рӯз,
Чун соли пешин беэътибор аст.

пешина
аз 118
навбатӣ