Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ба маҳсулнокии он таъсир мерасонад. Вале активӣ ё серис-теъмолии калимаҳо фақат бо дараҷа ё суръати истеъмоли онҳо муайян намешавад. Ҳамчунин калимаҳое, ки дар дои-раи забони умумихалқӣ ҳудуди истеъмолашон танг аст (тер-минҳо, профессионализмҳо, калимаҳои таъсирбахш), ба лу-ғатҳои актив дохил мешаванд. Ин қабил калимаҳо, қатъи назар аз он ки аз тарафи намояндагони дигар соҳаҳо истеъ-мол мешавад ё не, фаҳмоанд ё ҳанӯз номаълум, дар доираи худ истеъмол меёбанд, дар мубодилаанд ва воситаву омил-ҳои лексикии забони ҳозира ба шумор мераванд.
ЛЕКСИКАИ КУҲНАШУДА
Дар забони тоҷикӣ калимаҳое, ки аз ҷиҳати хусусияти замонии худ аз дигар гурӯҳҳои лексикӣ, масалан, аз калима-ҳои умумии серистеъмоли ҳозиразамон фарқ мекунанд, хеле бисёранд. Як гурӯҳи ин қабил калимаҳоро лексикаи таъ-рихӣ (историзмҳо — аз калимаи юнонии historia — таҳқиқот, тадқиқот) ташкил мекунад. Калимаҳои таърихӣ предмету мафҳумҳоеро ифода менамоянд, ки манбаи материалии онҳо кайҳо барҳам хӯрдааст. Калимаҳои таърихӣ дар забони ҳо-зира синоним надоранд, онҳо барои ифодаи воқеияти гузаш-та истифода бурда мешаванд. Масалан, додхоҳ, асас, миршаб, қозӣ, мулозим, амир, ҳоким, иноқ, мирзо, парвоначӣ, амин, амлокдор, корвонбошӣ, аълам, ағолук, дорга, бий, чоряк-кор, батрак, дарвеш, иқтоъ, вақф, закот, зиндон, қозихона, манҷаниқ, хирка, далқ, бунак ва ғайра.
Чи тавре ки мебинем, ин калимаҳо мансабу вазифа, пред-метҳои гуногун ва воситаву муносибатҳоеро ифода мекунанд, ки ба замонҳои гузашта тааллуқ доранд.
Воҳидҳои таърихӣ аз ҷиҳати шакл ду хел мешаванд: калимаҳои таърихӣ ва ибораҳои таърихӣ. Ибораҳои таърихӣ назар ба калимаҳои таърихӣ миқдоран каманд: хатти ба-рот, ясавули уламо, вақфи авлод, ҳуҷраи ориятӣ ва монандӣ инҳо.
Воҳидҳои луғавии таърихиро аз ҷиҳати маъно низ аз ҳамдигар фарқ кардан мумкин аст. Миршаб, қозӣ, иқтоъ, вақф барин воҳидҳо калимаҳои таърихии луғавианд, зеро дар маънои онҳо тағйироти ҷиддие ба вуҷуд наомада, дар ҳолати моносемантикии худ боқӣ мондаанд. Раис, парвона, сарой барин воҳидҳо калимаҳои таърихии семантикианд, зеро ин калимаҳо фақат ба маънои пештараашон (раис — навъе аз мансаб, парвона — фармони подшоҳ, сарой — дар ибораи сарой хон) калимаҳои таърихӣ шуда метавонанд.
Баъзе калимаҳои таърихӣ ба сифати номи шахс ва мавқеъҳои ҷуғрофӣ боқӣ мондаанд. Калимаҳои таърихиро дар байни калимаҳои мураккаб ва ибораву мақолу зарбулмасалҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё