Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

низ дучор кардан мумкин аст. Масалан: Шароби муфтро қозӣ ҳам мехӯрад; Шайхро ҳунар нест, хонақоҳ танг аст; Худам подшоҳу (ҳокиму) табъам вазир; Шароби анта-ҳур (вайроншудаи шаробан таҳуро).

Гурӯҳи дигари лексикаи кӯҳнашударо архаизмҳо (аз калимаи юнонӣ archaios — қадима) ташкил медиҳанд. Архаизмҳо калимаҳои кӯҳнашудаанд ва аз ин ҷиҳат дар забон камистеъмоланд ё кор фармуда намешаванд. Архаизмҳо дар натиҷаи танг кардан ё ҷои воҳидҳои луғавии кӯҳна шуда истодаро гирифтани воҳидҳои луғавии дигар пайдо мешаванд. Воҳидҳои луғавии нав ҳамон мафҳуму предмету ҳодисаҳоро ба тадриҷ ифода мекунанд, ки пештар ин мафҳуму предмету ҳодисаҳоро калимаҳои мавҷудаи дигар ифода мекарданд. Аз ин ҷиҳат архаизмҳо аз калимаҳои таърихӣ, ки фақат воқеияти замони гузаштаро ифода мекунанд, ба куллӣ фарқ доранд. Архаизмҳо ба забони ҳозира аз ҷиҳати маъно муносибати махсус доранд, яъне ба воситаи калимаҳои синонимии худ, ки мавқеи архаизмҳоро ишғол кардаанд, муайян мешаванд. Дар ҷараёни нутқ шинохтани калимаҳои таърихӣ чандон душвор нест, зеро онҳо танҳо барои зарурати номбар намудани воқеияти гузашта истифода мешаванд. Архаизмҳо бошанд, ҷои худро ба калимаҳои дигар додаанд ва аз ин ҷиҳат муайян намудани хусусияти онҳо, ки дар натиҷаи тангшавии мавқеъ ба гурӯҳи пассиви лексика гузаштаанд ва бо муродифҳои худ муносибати маъноӣ пайдо намудаанд, басе душвор аст. Масалан, падруд — видоъ, пижӯҳиш — пурсиш, ҷустуҷӯ, пайк — қосид, диж — қалъа, дуда — хонадон, обистан — ҳомила, кишоварз — деҳқон, қеҳ — хӯрд, маниш — табиат, хислат, азл — бекоркунӣ, авранг — тахт, ангубин — асал, гом — қадам, оҳехтан — луч кардан, бараҳна намудан, сигол — андеша, фикр, озарм — шарм, андрз — насиҳат, гароидан — хостан, гурд — паҳлавон, дирафш — байрақ, дуруд — салом, фасон — қайроқ, жарф — чуқур, басич — омода, ҳилидан — гузоштан, эшон — онҳо ва ғайра.

Хусусияти маъноии архаизмҳо умуман ба воситаи калимаҳои муродифи онҳо муайян карда мешавад. Архаизмҳое, ки нисбат ба муродифҳояшон (яъне калимаҳое, ки онҳоро танг карда ба гурӯҳи пассиви лексика дохил кунонидаанд) тамоман шакли дигар доранд, архаизмҳои лексикӣ ё калимагӣ номида мешаванд.

Архаизмҳои номбаршуда ҳамин қабил архаизмҳоанд. Байни ин гурӯҳи архаизмҳо баъзе воҳидҳоро дучор кардан мумкин аст, ки аз ҷиҳати сохт бо муродифҳои худ ҳамрешаанд, вале бо баъзе тағйироти овогӣ фарқ мекунанд. Масалан, шубон — чӯпон, шиёр — шудгор, хунб — хум, хвон-дан — хондан, сунб — сум. Ин гуна архаизмҳо архаизмҳои лексикӣ-фонетикӣ ном доранд.

пешина
аз 457
навбатӣ