Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

вусъати доираи истеъмолии худ фарқ мекунанд. Серистеъмол будани калима хусусияти сермаъноии онро низ ба миён меорад. Серистеъмолии калима васеъ шудани доираи маънои онро таъмин менамояд. Сермаъной дар навбати худ имконият медиҳад, ки калима барои сохтани калимаву ибораҳои нав васеъ истифода бурда шавад ва ин амалиёт ба ҳаҷми маънои калима таъсир мерасонад. Ҳамафаҳм будани воҳиди луғавӣ имконият медиҳад, ки калима услубан бетараф бошад, яъне дар айни муддат барои ифодаи предмету мафҳумҳои хоси гурӯҳҳои муайян тобеъ нашуда бошад. Калимаҳое, ки предмету воситаҳои касбу ҳунар, илму санъат ва ғайраро ифода мекунанд, бештар дар доираи гурӯҳҳои мансуби худ истеъмол ёфта, барои ҳамон гурӯҳҳо фаҳмо ва дастрасанд ва аз ин ҷиҳат аз калимаҳои оммафаҳми серистеъмол фарқ мекунанд.

КАЛИМАҲОИ СЕРМАҲСУЛ ВА КАММАҲСУЛИ ЗАБОНИ АДАБИИ ҲОЗИРАИ ТОҶИК

Забон ҳамеша дар тараққиёт аст. Дар забон тадриҷан калимаҳои нав пайдо мешаванд; баъзе калимаҳо оҳиста-оҳиста кӯҳна шуда, камтар кор фармуда мешаванд, билохира аз байн мераванд. Ин тағйирот на фақат ба худи калимаҳо, балки ба маънои онҳо низ хос аст. Баъзе калимаҳо оҳиста-оҳиста маънои нав гирифта, маънои мавҷудаи худро гум мекунанд ва қисми дигари калимаҳо аз маъноҳои ҷудогонаи худ маҳрум мешаванд, ё баръакс маъноҳои нави иловагӣ мегиранд. Ин процесс тадриҷан ба амал меояд. Дар натиҷа калимаҳо аз ҷиҳати истеъмол хусусияти замонавӣ пайдо мекунанд, яъне дар марҳалаи муайяни тараққиёти забон ё серистеъмол мешаванд ё камистеъмол. Аммо калимаҳои камистеъмол якбора аз байн нарафта, процесци дуру дарозро тай менамоянд, бо калимаҳои серистеъмол муддати тӯлонӣ боқӣ монда метавонанд. Аз тарафи дигар, дар забон калимаҳо ва маънои нави калимаҳо низ пайдо шуда меистанд. Ин гуна калимаҳо ва маънои нави калимаҳо якбора умумӣ шуда наметавонанд ва аз ин ҷиҳат дар таҷрибаи ҳаррӯзаи зиндагӣ бо калимаҳои дигари умумишудаи оммафаҳми забон ба як андоза истеъмол ва истифода намешаванд. Аз ин ҷост, ки дар забон калимаҳои оммафаҳми серистеъмол аз калимаҳои аз ҷиҳати кӯҳнагӣ ё навӣ камистеъмол фарқ мекунанд. Калимаҳои серистеъмол, ки дар гуфтугӯи мардум ҳамеша истифода шуда, оммафаҳманд, гурӯҳи актив ва калимаҳои камистеъмол, ки кӯҳна буданашон ҳис карда мешавад ё аз сабаби навии худ ҳанӯз умумӣ нашудаанд ва ба истифодаи ҳаррӯзаи мардум дохил нагаштаанд, гурӯҳи пассивро ташкил менамоянд. Оммафаҳмӣ ва дараҷаи истеъмоли калима

пешина
аз 457
навбатӣ