Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷудо шуда ба мобайни дарё роҳ гирифт (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Муродифи ин пешоянд пешояндҳои бари ва шафати мебошанд: Он хоначаи сафеде, ки дар бари қишлоқ танҳо истодааст, мактаби аввалини ман аст (Ғ. Мирзо, Ҳазор раҳмат).
Мегузарад аз бари вайронаҳо — Мадрасаю ободию хонаҳо (М. Турсунзода, Меҳмони магриби). Дар шафати мактабамон бинои дигари калоне сохта шудааст (Маориф ва маданият).

Гирди... Ин пешоянд мувофиқи маънои луғавиаш ба предмет ва ё ба ҷой ва ба касе ишора мекунад, ки амал дар гирди он воқеъ мегардад, бо пешояндҳои дар, ба кор фармуда мешавад.

Мо дар гирди гулхан нишастаем (П. Толис, Дар оғӯши кӯҳсор). Зи боғи санъати халқат ба гирди хеш гул резӣ (М. Турсунзода, Қиссаи Ҳиндустон). Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем. — Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем (Фольклор).

Тарафи... Ин пешоянд самти равиши амалро нишон дода, ҷое, предмете ва ё касеро, ки ба сӯи он амал нигаронда шудааст, ишора мекунад. Чун пешоянди таркибӣ бо пешояндҳои ба, дар, аз кор фармуда мешавад.

Коргарон ба тарафи вокзал нигоҳ карда, ба роҳ афтоданд (С. Айнӣ, Дохунда). Дар ҳақиқат ҳам бисёр дер накашид, ки аз тарафи зина овози пое шунида шуд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Он ба тарафи Тахиятоши кӯҳна омада, ба аэродром рост нафаромаду ба тарафи шимол тоб хӯрда, бар болои шаҳр ба шакли нимдоира давр зада, аз тарафи чап фаромад (А. Деҳотӣ, Як қитъа замини пойтахти мо). Гоҳгоҳе шамол аз тарафи кӯҳҳо вазида... бӯи форами гиёҳҳоро ҳар тараф мепошад (П. Толис, Чароғҳо). Ҳуҷраи ман монанди дигар ҳуҷраҳои ин мадраса тиреза надошт, бинобар ин дари даромадро ҳамеша кушода мондан даркор буд ва дар тарафи кӯча қоғазгир дошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Сӯи... Ин пешоянд муродифи пешоянди тарафи... буда, чун пешоянди таркибӣ бештар бо пешояндҳои аслӣ меояд:

Ҳама ба сӯи хонаи Шарифино роҳӣ шуданд (П. Толис, Бародарон). Ба сӯи майдонҳои кишт чӯйборҳои оби фаровон равон шуданд (А. Деҳотӣ, Чӯли лабташна, шунав, оби равон меояд). Мевазад бод кӯр-кӯрона — Ҳам сӯи дӯст ҳам бегона (М. Турсунзода, Тоҷмаҳал).

Рӯ ба рӯи ... Ин пешоянд низ бо пешояндҳои аслии аз, дар кор фармуда мешавад. Ин пешоянди таркибӣ нишон медиҳад, ки амал дар тарафи муқобили предмет воқеъ мегардад ва ё ба тарафи муқобил равона карда шудааст: Пирак маро ба рӯи ҳуҷра гузаронда дар рӯ ба рӯи худаш — бар кодоки сандалӣ нишонд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Гулрӯ дар рӯ ба рӯи худ боз кушодаи падарашро дид (Р. Ҳалил, Одамони ҷовид).

пешина
аз 457
навбатӣ