Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ҷониби... Ин пешоянд муродифи пешояндҳои тараф ва сӯи буда, бо пешояндҳои аслии ба, дар, аз низ кор фармуда мешавад: Ман ҷониби ту равам зафарманд — Ман шод шавам зи ту, ту аз ман (Ҳ. Юсуфӣ, Сурат).
б) Пешояндҳои номие, ки муносибатҳои замониро ифода мекунанд.
Пешояндҳои номие, ки замони ба вуҷуд омадани амалро нишон медиҳанд, аз исмҳо ва зарфҳои абстрактмаъно, ки вақтро мефаҳмонанд, ташкил меёбанд: баъд, пеш, айн, қариб, қабл, зарф, муддат, давом, вақт ва ғайра: Баъди оши балаззат чойи кабуд айни муддаост (А. Сидқӣ, Фарзанди замон). Қариби намози аср Фирӯза ба сараш фаранҷӣ, ба рӯяш чашмбанд гирифта аз дарвоза баромад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Аз байни пешояндҳои номии замонӣ як гурӯҳ пешояндҳоро ҷудо кардан мумкин аст, ки онҳо одатан мафҳумоти бефосила ва пайдарпайро ифода менамоянд, чунончи: дар давоми, ба давоми, дар зарфи, дар муддати, бо мурури ва ғайра. Дар зарфи сафари бистуякрӯза дар Кобул аз байни аҳли санъат, адабиёт ва матбуоти Афғонистон бисёр дӯстони нав пайдо кардем (А. Деҳотӣ, Сафари Кобул). Дар давоми ҳаёти худ дар муддати як рӯз (Маориф ва маданият). Дар айни сафарҳои дур расидани хабари хуше аз Ватан ба кас рӯҳ ва қуввати наве мебахшад (А. Деҳотӣ, Овози қаҳрамон). Имрӯзҳо, дар айни колхозсозии мо, аз Тӯрабек дида Муҳаммадҷон хавфноктар шуда монд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик майли ба доираи пешояндҳои номии замонӣ дохил шудани як қатор исмҳои маънои замондошта то рафт зиёд шуда истодааст: дар айёми, дар ҳангоми, дар фасли, дар давраи, дар аснои, дар арафаи ва ғайра.
Ба гурӯҳи пешояндҳои номӣ калимаҳои дар зер номбаршудаи мустақилмаъно дохил мешаванд: баробар, хилоф, муқобил, зиёд, бадал, иваз, мувофиқ, муносиб, муносибат, шарофат, шаън, васф, монанд, мисл, ғайр, баҳр, натиҷа, сабаб, ваҷҳ, боис, ҳамроҳ, қатор, ҷой, бора, бобат, ҳақ, хусус, зимма, замм ва ғайра. Қисми зиёди ин пешояндҳо чун қоида бо пешояндҳои аслӣ кор фармуда шуда, пешояндҳои таркибӣ мебошанд. Фақат қисми камашон бе пешояндҳои аслӣ ҳам истеъмол мешаванд. Пешояндҳои ҳамроҳи, монанди, мувофиқи, муносиби, ғайри аз ин ҷумла мебошанд.
Баробари... Ин пешоянд баъзан бо пешоянди аслии дар кор фармуда мешавад. Ин пешоянд бо ҳодиса ва ё амали дигар дар як вақт баробар воқеъ гардидани амалро мефаҳмонад: Баробари дохили толор шудани мо марди солхӯрдаи қаддарозе аз кадом дар пайдо шуда омад (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Баробари дамидани субҳ гулхан хомӯш мешуд... (П. Толис, Дар оғӯши кӯҳсор).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор