Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

асосан байни Қорӣ-ака ва мизбон мегузашт (Ф. Муҳаммади-ев, Дар он дунё).

Миёни... Ин пешоянд аз рӯи маънояш ва кор фармуда-наш ба пешоянди байни наздикӣ дорад. Ин пешоянд бештар бо пешояндҳои аслии дар, аз истеъмол карда мешавад. Ин ҷӯйча монанди он ҷӯйчаҳое, ки дар миёни заминҳои корам кандаанд, аз лой ва гил бино ёфтааст (С. Айнӣ, Дохунда). Дар миёни ҳамин ҳаракатҳо... ба тарафи марде, ки машғули таомхӯрӣ буд, нигоҳ мекард (С. Айнӣ, Дохунда). Гоҳе дар миёнаи ҳамин корҳо барои додари бой чилим ҳам андохта медод (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). ...аз миёни мардум баланд шуд (С. Айнӣ, Дохунда).

Миёни шохҳо нури ҷамолат — Ба софӣ нури маҳро хира кардаст (А. Деҳотӣ, Ба лампаи электрик).

Даруни... Ин пешоянд мувофиқи маънои луғавиаш равона шудан ва ё вуқӯъ гардидани амалро дар ҳудуди муайяни ягон чизе ва ё предмете нишон медиҳад; бо пешояндҳои ас-лии дар, ба, аз истеъмол мешавад:

Қорӣ-ишкамба ба даруни хона даромад — «марҳамат ку-нетон»,— гуфт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар ин саёҳатҳо Аҳмад-махдум рӯзи худро бо сайругашт дар даруни полез ва боғҳо мегузаронд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Намуди як дево-ри боазамати баланд, ба партави ҷаҳонтоб аз даруни як ҷӯй-чаи танг, шуморо дар ҳайрат меандозад (С. Айнӣ, Дохунда).

Синоними даруни пешоянди дохили мебошад, ки бештар дар нутқи хаттӣ кор фармуда мешавад: Аз ин ҷост, ки ҳатто дар дохили ин асар ҳам фикрҳои танқидии замони муаллиф бевосита ифода карда шуда, бо масъалаҳои дигар вобаста гар-дида, баён карда мешаванд (А. Мирзоев, Биноӣ ва масъалаи танқиди замони феодалӣ).

Беруни... Ин пешоянд вуқӯъ гардидани амали берун аз ҳудуди ҷое ва предметеро мефаҳмонад. Чун пешоянди тарки-бӣ бештар бо пешояндҳои аслии дар, аз кор фармуда меша-вад:

Дар беруни дар, ба рӯи суфа, дар зери айвон як бӯрё паҳн буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар беруни ҳаммом ба рӯи кӯрпача ва якандозҳо ҳамаи омадагон давра нишастанд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Паҳлуи... Ин пешоянд предмете ва ё касеро нишон медиҳад, ки предмет дар паҳлуяш воқеъ гардидааст. Чун пешоянди таркибӣ бо пешояндҳои дар, ба, аз кор фармуда мешавад: Дар паҳлӯи дарвозахона як айвони оддӣ буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Салом дода дар паҳлуяшон муддате рост истодаам (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Халифа ба паҳлуи мактабдор гузашта, ки чӯберо, ки дар болои сари мактабдор ба девор овезон буд, гирифт (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна). Қариби пешин аз паҳлуи вай заврақчаи моторноке

пешина
аз 457
навбатӣ