Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

китобатӣ кор фармуда мешаванд. Муродифи ин пешояндҳо таги, дар таги, ба таги, аз таги, таки//дар таки, ба таки... ва инчунин таҳи, таҳти ҳам дар забони гуфтугӯ ва ҳам дар нутқи китобатӣ ба таври васеъ дар истеъмоланд: Бо нӯти чӯбдаста он ҷоро мекофт ва аз таги пардаи тунуки рег зан-бӯруғҳо намудор мешуданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Эшон аз куҷо ва аз чӣ роҳ омадани барзаговру напурсида нимхез шуда, ба таги собот нигоҳ кард (С. Айнӣ, Дохунда). Ду ас-пакӣ... ба тарафи аробае, ки Гулрӯ ва модараш дар таҳти он пинҳон буданд, меомаданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дар таҳти таъсири мактуби бародари муаллим бо ҳаяҷон ба ҳам-дигар гап мезаданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Пешояндҳои таги, таҳти ва инчунин ба шакли таркибиа-шон дар таҳти, аз таги, аз таҳти ба предмете ва ё ҷое ишора мекунанд, ки дар қарибиашон предмете ва ё амале вуқӯъ мегардад:

Гузари Абдуллоҳӯҷа дар худи назди дарвозаи Қаровул, аз таҳти девори қалъаи Бухоро сар мешавад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Сари... Ин пешоянд ҳам алоҳида ва ҳам бо пешояндҳои аслии аз, дар, ба, бар кор фармуда мешавад. Пешояндҳои номии таркибии дар сари, ба сари, аз сари, бар сари вобаста ба маъноҳои пешояндҳои аслӣ ва маънои луғавии ҷузъи номиашон предмете, касе ва ё чизеро нишон медиҳанд, ки дар наздикии он ягон амале воқеъ мегардад ва ё нигаронида мешавад: Модарам сухани маро тасдиқ кард ва барои тоза карда, дар равған бистуён кардан ба сари оташдон бурд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Мо ба сари таом нишастем. Худ ба сари деги шӯрбопазиаш рафт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Пӯлод беихтиёр ба сари ҷасади Рустами амак нишаста монд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Коргарон дар сари дастгоҳ хӯрок мехӯранд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дар сари роҳ оиначаеро дида, аз замин бардошта гирифт (Латифаҳо). Аз сари дастархон ҷаста хест (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Сонитар тӯраро ба мулоимат, бо ягон ваҷҳи шаръӣ, оҳистакак аз сари кор дур мекунанд (С. Улуғзода, Восеъ).

Бар сари баҳр гирд гашта қатор чайқаҳо мепаранд, болзанон шуда бар теғаҳои мавҷ савор (Ҳ. Юсуфӣ, Киштии мо).

Байни... Ин пешоянд алоҳида ва бо пешояндҳои аслӣ вуқӯъ гардидани предмете, вазъияте ва ё амалеро дар мобайни ҷое ё предметҳо ва ё касон мефаҳмонад:

Бинои мактаби даҳсолаи колхоз... аз роҳ дуртар дар байни боғи мевадори қалоне бино карда шуда буд (С. Улуғзода, Навобод). Акнун барои район рафтан аз байни теппа ва баландиҳо давра зада гаштанд лозим набуд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Онҳо рӯи сабзаву байни лолаҳо рӯймол кушоданд, нону паниро ба иштиҳо хӯрданд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Сӯҳбат

пешина
аз 457
навбатӣ